Нашриёти «Ойдин»-и Тошканд дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро нашр намуд

Март 10, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Ойдин»-и шаҳри Тошканд  бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.

Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд. Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон   саҳми муассир дошта, қаблан «Тазкираи адибони муосири тоҷик»-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.

Нашри тарҷумаи дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ  чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки  «Маснавии маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш  дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.

Март 10, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд