Соҳибкорони Ванҷ дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми муносиб мегузоранд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи зебоманзари диёрамон бо иштироки соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкорон ва шахсони баруманди ноҳияи Ванҷро шарҳ дода, зарурати боз ҳам тақвияти раванди омодагиро ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёду роҳандозии корҳои ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили боғчаҳои томактабӣ, мактабҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатию агросаноатиро таъкид ва масъалаҳоро мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони маҷлис манзур намуд.
Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори ноҳия саҳми муносиб доранд. Ҳамзамон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд.
Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.
Барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди 86 иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.
Дар ин давра 31 иншоот дар соли 2018, 26 иншоот дар соли 2019, 22 иншоот дар соли 2020 мавриди истифода қарордода шуданд. Дар соли равон 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 4-тои он аллакай ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳо бо маром идома дошта, то муҳлати муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






