Ҷаласаи видеоконфронсии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел бо иштироки роҳбарону масъулини мақомоти давлатии зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ ҷаласаи 52-юми байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ тариқи видеоконфронс доир гардид.
Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми сардори Хадамот Дилшод Музаффарзода иштирок кард.
Дар кори ҷаласа оид ба ҳолат ва роҳҳои рушди рақобатнокӣ дар бозори молӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити маълуми пандемияи КОВИД-19, идоракуниву танзими солими муносибатҳои бозорӣ, мубодилаи таҷрибаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ошкорсозии созишҳои зиддирақобатӣ дар шароити мураккабшавии вазъи бозор ва зимни хариди давлатӣ, оид ба таҷрибаи амалии қатъкунӣ ва пешгирии рақобати бевиҷдонона зимни фурӯши мол бо истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ, оид ба коркарду таҳияи мавқеи мувофиқшудаи мақомоти зиддиинҳисории кишварҳои узви ИДМ оид ба сиёсати рақобати байналмилалӣ ва муаррифии он дар миқёси байналмилалӣ, оид ба фаъолияти Ситод дар самти таҳқиқоти якҷоя оид ба қонунвайронкунии соҳаи зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчӣ, дар бораи таҳияи гузориш оид ба рушди усулҳои нави пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, хариду фурӯши мол дар шароити рушди тиҷорати электронӣ – интернетӣ, оид ба маниторинги тағйирёбии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ҳар кишварҳои узв ва роҳҳои муассири идоракунии буҳронҳои эҳтимолӣ табодули назар анҷом дода шуд.
Зикр шуд, ки дар шароити маълум ҳифз, рушд ва ҳимояи рақобат асоси равнақи иқтисодиёт ва омили асосии пешгирӣ аз рукуди иқтисодиёт буда, ин принсип то ҳанӯз моҳияти худро гум накардааст.
Бояд гуфт, ки фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба табодули донишу таҷриба дар самти такмили қонунгузории соҳаи зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ, (қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ дар соҳаи ҳимояи рақобат), ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инҳисороти табиӣ, реклама, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ ва татбиқи он дар миқёси кишварҳои узви ИДМ, таҳияву пешниҳоди модели рушди иқтисодӣ ва мушкилоти онҳо дар соҳаи сиёсати рақобатнокӣ равона гардидааст.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






