Бо ҳайати намояндагони Фонди сармоягузории мустақили Россия ҷиҳати таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушунид доир шуд

Апрель 29, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 апрел муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия  ҷиҳати таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушуниди фосилавӣ анҷом дод.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  гуфтушуниди мазкур дар асоси изҳороти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон ба роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия ва натиҷаҳои ба даст омадаи вохӯрии вазирони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки чанде қабл дар шаҳри Москва доир гардид, сурат гирифт.

Зимни гуфтушунидҳо  ҷонибҳо  доир ба интиқоли ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Дар назар аст, ки баъди бақайдгирӣ  ваксинаи мазкур ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин гуфтушуниди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия ҷиҳати бақайдгирӣ ва таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ

Апрель 29, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон