Бо ҳайати намояндагони Фонди сармоягузории мустақили Россия ҷиҳати таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушунид доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия ҷиҳати таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушуниди фосилавӣ анҷом дод.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гуфтушуниди мазкур дар асоси изҳороти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон ба роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия ва натиҷаҳои ба даст омадаи вохӯрии вазирони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки чанде қабл дар шаҳри Москва доир гардид, сурат гирифт.
Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо доир ба интиқоли ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Дар назар аст, ки баъди бақайдгирӣ ваксинаи мазкур ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.
Бояд гуфт, ки ин аввалин гуфтушуниди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия ҷиҳати бақайдгирӣ ва таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






