ДАР БОРАИ МАҲДУДИЯТИ ШАДИДИ КАРАНТИНӢ ДАР ТУРКИЯ. Хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз Истанбул хабар медиҳад

Апрель 13, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Туркия аз рӯи суръати паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ба ҷои шашум баромад. Чаро вазъ якбора бад шуд, маҳдудияти коронавирус дар кишвар то чӣ андоза самаранок риоя мешаванд ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба он ҷо сафар доранд, аз чӣ бояд эҳтиёт шаванд? Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз Истанбул хабар медиҳад.

Шабонарӯзи охир дар Туркия 54 562 ҳолати сирояти коронавирус ва 243 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторони COVID-19 дар ин кишвар аз оғози пандемия ба 3 903 573 нафар ва фавтидагон ба 34 182 нафар расидааст. Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи шабонарӯзи охир на танҳо дар шаҳрҳои Истанбул, Анқара, Анталия, Измир, Бурса, Куния ва Анталия ба қайд гирифта шудаанд. 58 шаҳру ноҳияи кишвар ба категорияи сурх шомил гардидаанд.

Имрӯз, 13 апрел барои мусулмонон моҳи шарифи Рамазон дар Туркия дар пасманзари вазъи фавқулодаи эпидемиологӣ бинобар паҳншавии босуръати сирояти коронавирус ва аз ҷониби ҳукумати кишвар андешидани тадбирҳои сахттаре, ки ба пандемия равона карда шудаанд, оғоз ёфт.

Тибқи гузориши Hürriyet Daily News, Туркия соли гузашта низ чунин чораҳоро дар муқобили бемории COVID-19 андешида буд.

Афзоиши шумораи парвандаҳо Ҳукуматро маҷбур кард, ки чораҳои ҷиддӣ ва қатъӣ бинад. Маҳдудият дар рӯзҳои истироҳат дар саросари кишвар аз нав ҷорӣ карда шуданд, дар ҳоле ки тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо дар моҳи Рамазон хидматрасонии интиқол ва бурда расониданро пешниҳод мекунанд.

Бо қарори ҳукумат, соати корӣ аз 7 то 19 соат коҳиш дода шуд ва ба кӯча баромадани шаҳрвандон пас аз  соати 21 дар рӯзҳои корӣ манъ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Вазорати тандурустии кишвар дастрасӣ ба корхонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятиро бидуни рамзи HES дар саросари кишвар манъ мекунад. Ин рамз нишон медиҳад, ки шаҳрвандон ва ҳаракатҳои онҳо таҳти назорати Вазорати тандурустӣ қарор доранд ва бемор намешаванд.

Айни ҳол дар кишвар беш аз 50% тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо корро идома медиҳанд. Аммо, ба гуфтаи шаҳрвандон, эҳтимол дорад, ки дар онҳо дар моҳи шарифи Рамазон, ки имрӯз оғоз шуд, дубора карантин ҷорӣ шавад. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст. Ёдовар мешавем, ки ин масъала рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар ҷаласаи Шӯрои вазирон баррасӣ мешавад.

Васоити ахбори оммаи кишвар низ дар сафҳаҳои аввали худ дар бораи афзоиши коронавирус хабар медиҳанд ва шаҳрвандонро огоҳ мекунанд, ки роҳҳои пешгирии бемориро риоя кунанд.

Аз ҷумла, агентии иттилоотии давлатии Анадолу дар сафҳаи аввали худ мунтазам маълумотро дар бораи шумораи ҳаррӯзаи сироятёфтагон ва фавтидагон нашр мекунад ва инчунин тавсияҳои вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фахреттин Коҷиро оид ба пешгирии ин беморӣ нашр менамояд.

Тибқи гузориши Hürriyet.com, вазири тандурустии кишвар зикр кардааст, ки шумораи беморони тасдиқшуда дар Истанбул нисбат ба моҳи гузашта 10 маротиба афзудааст, ки ин ташвишовар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин 40 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Вазир инчунин дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тазаккур додааст, ки «Истанбул вазъи тамоми кишварро муайян мекунад, аз ин рӯ, барои ҳимояи кишвар шаҳри Истанбулро ҳифз кардан ва барои пешгирии беморӣ тадбирҳои зарурӣ ва ҷиддӣ андешидан лозим аст».

Бояд гуфт, ки барои пешгирии ин беморӣ, сокинони кишвар бастани Истанбулро дар моҳи Рамазон зарур мешуморанд. Олимони кишвар низ афзоиши эпидемияро хатарнок меҳисобанд ва зикр мекунанд, ки афзоиши бемории COVID-19 метавонад боиси нарасидани беморхонаҳо ва табибон барои гирифторон гардад.

Профессори факултаи тибби Донишгоҳи давлатии Истанбул Осмон Эрк дар суҳбат бо Би-би-сии туркӣ гуфт: «Тадбирҳои андешидашуда барои пешгирии ин беморӣ кофӣ нестанд, аммо шаҳрҳои сурх бояд комилан баста шаванд». Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи пешгирии эпидемия ин аст:

  • Афзоиши ваксинаҳо
  • Пурра бастани шаҳрҳои категорияи сурх
  • Санҷишҳои зиёд
  • Манъи чорабиниҳои коллективӣ

Аммо, иҷрои чунин пешниҳодҳо барои шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷирон ва сайёҳони хориҷӣ хеле мушкил хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди Россия оид ба мубориза бар зидди коронавирус парвозҳо бо Туркияро аз 15 апрел то 1 июн дар пайи афзоиши таркишомези бемории коронавирус дар ин кишвар қатъ кард.

АКСҲО аз муаллиф

Апрель 13, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»