Дар Душанбе «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» -ро ба тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд. Инчунин доир ба ҳадафу афзалият, тадбирҳо, дурнамо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ маълумот дода шуд.
Дар ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Парлумон, доираи васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳо, олимону коршиносон иштирок намуда, доир ба барнома ва аҳамияти татбиқи он табодули назар намуданд.
Дар интиҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баҳои баланд доданд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






