Дар Душанбе Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Апрель 14, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи пойтахт ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани    30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон»  мавриди истифода қарор дода шуд. Дар кушодашавии Маркази мазкур  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, соҳибкорон ва намояндагони масъули сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Аминҷон»   бо тарҳи муосир бунёд гардида, он аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Бинои марказ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва тарҳи хос бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ташкил шуда, ошёнаи дуюм аз сартарошхона ва кошонаи ҳусн иборат мебошад, ки дар он шароити зарурии хизматрасонӣ барои муштариён фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Маркази хизматрасонӣ 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар оянда масъулини Маркази хизматрасонӣ  тасмим гирифтаанд, ки бо зиёд намудани фаъолияти дигар бахшҳои марказ шумораи ҷойҳои кориро бештар намоянд»,-афзуд манбаъ.

Намуди зоҳирии иншооти мазкур  бо тарҳи зебо ва мунаққаш сохта шуда, ба ҳусни ин мавзеи пойтахт  шукуҳи тоза  замъ намудааст.


Бо пайгирӣ аз ташаббусҳои созандагиву бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадисо Аҳмадов саҳну атрофи муассисаро бо шинонидани дарахтони ороишӣ ва бунёди майсазорон  сарсабзу хуррам намуда, ба як гулгашти зебо табдил доддааст. Илова бар ин роҳи канори маркази хизматрасонӣ, ки кӯчаи Маяковскийро ба дохили шаҳраки 33 –и пойтахт мепайвандад, мумфарш гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо  бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ дар 4 ноҳияи пойтахт бахшида ба  30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вусъат ёфта, дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр  марказҳои хизматрасонии муосир  сохта ба истифода дода мешаванд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Апрель 14, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд