Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венгрия баргузор гардид

Апрель 7, 2021 13:56

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд. Пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.

Ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Венгрия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.

Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венгрияро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.

Изҳороти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз натиҷаи мулоқот бо Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2021 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд