Дар Душанбе оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаи афзалиятноки стратегии ҳар давлат ба ҳисоб меравад.
«Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлисӣ Олии мамлакат аз 26 январи соли 2021 иброз доштанд, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои вазнинтарин буд. Дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ва коҳиши босуръати фаъолияти иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи бекорӣ вазъи сайёра боз ҳам мураккабтар гашта, тақрибан ҳамаи кишварҳо ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ дучор омаданд.
Дар ҳақиқат оқибатҳои пандемия ба рушди иқтисодиёти миллии мо, аз ҷумла буҷети давлатӣ, тиҷорати беруна, қурби асъори миллӣ, инчунин фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ то ҳол таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволӣ, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат ва таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии мамлакат ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобаста аст»,- афзуд Хуршед Зиёӣ.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади коҳиш додани таъсири таҳдидҳо ва амнияти иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ 3 маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз 2 маротиба паст намояд ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад.
Ба андешаи Хуршед Зиёӣ, дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд 5 маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба давлати саноативу аграрӣ табдил ёбад.
Амнияти иқтисодӣ чун бахши муҳими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030» хизмат мекунад. Амнияти иқтисодӣ қисми ҷудонашавандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба сифати чораи техникию технологӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, субот, қонуният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунад.
Дар конфронси мазкур ҳамчунин муовини сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нав Толиб Раҳимов, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мадҷон Мирзоалӣ, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Савлатшоҳ Хоркашев ва донишмандону коршиносон иштирок намуда, оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша намуданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: аз АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






