Дар Форуми минтақавии соҳибкорон дар Хуҷанд рушди соҳибкории инноватсионӣ матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки таҳти унвони «Рушди соҳибкории инноватсионӣ» дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд доир гардид, иштирок намуданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.
Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил карда шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти инноватсионӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муарифии имконияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мебошад.
Кори Форуми минтақавӣ дар чор гурӯҳ -«Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити беҳтар шудани инфрасохтор: алоқа ва коммуникатсияи технологӣ», «Паркҳои технологӣ ҳамчун асоси рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ», «Имконияти васеи истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтори замонавӣ дар Тоҷикистон» ва «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон» идома ёфт.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд. Дар доираи форум соҳибкорон ва меҳмонон ба корхонаҳои «ММК Агро», «Крутони», «Сайҳун», «Ҳаловат», «Субҳи зарин», «Ариана азия металл», «Арча» ва «Амид»-и вилояти Суғд рафта, бо раванди истеҳсолӣ шинос гардиданд.
Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ










Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






