Роҳбари СУТ дар бораи афзоиши ҳолатҳои фавт вобаста ба коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ бо COVID-19 дар ҷаҳон ҳафт ҳафта пай дар пай ва сатҳи маргу мир ба асари вирус як моҳ боз афзоиш меёбанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 12 апрел директори генералии созмон Тедрос Адханом Гебрейесус ҳангоми брифинг изҳор дошт.
«Дар моҳҳои январ ва феврал шаш ҳафта пай дар пай дар саросари ҷаҳон коҳиши ҳолатҳои гирифторшавӣ бо COVID-19 сабт мешуд. Ҳоло ҳафтаи ҳафтум аст, ки пай дар пай шумораи сироятёбиҳо ва чор ҳафта боз теъдоди маргу мир афзоиш меёбад», — гуфт ӯ.
Директори генералии СУТ таъкид кард, ки COVID-19 зукоми маъмулӣ нест, мутахассисон ҳанӯз таъсири дарозмуддати вирусро ба бадани инсон намедонанд ва бинобар ин риояи чораҳои эҳтиётӣ бояд идома дода шавад.
АКС аз манбаҳои озод








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






