ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАНДАҲО АСТ. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон аксияи ҳарсолаи «Парандаи сол» баргузор мешавад

Апрель 1, 2021 11:52

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 1 апрел Рӯзи байналмилалии парандаҳо — ҷашни байналмилалии экологӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи он — муҳофизат кардани гуногунии намудҳо ва саршумораи парандаҳо мебошад.

Ин ҷашн соли 1894 дар ИМА пайдо шудааст. Дере нагузашта, ба шарофати воситаҳои ахбори омма он шӯҳрат пайдо кард ва дар ҳамаи иёлот ба таври оммавӣ гузаронида мешуд, сипас ба Аврупо омад ва ҳоло дар доираи барномаи биологии ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» дар бисёр кишварҳои дунё баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳар сол дар ин рӯз Иттиҳоди муҳофизати табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Созмони байналмилалии экологии NABU -и Германия аксияи «Парандаи сол» гузаронида мешавад.

«Дар Тоҷикистон баргузор намудани аксия соли 2008 оғоз шуда буд ва тайи 13 соли охир ҳамасола гузаронида мешавад. Аксияи «Парандаи сол» бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи аҳолӣ ба мушкилоти ҳифзи ягон намуди муайяни парандаҳо гузаронида мешавад»,-мегӯяд директори Иттиҳоди муҳофизати табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон Нуралӣ Раҳимов.

Ҳар сол аввали моҳи декабр бо ташаббуси Иттиҳоди муҳофизати табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани номзади «Парандаи сол» озмун эълон карда мешавад. Дар озмун олимони парандашинос, омӯзгорони мактабҳои олӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шахсони алоҳида иштирок мекунанд. Дар ҷараёни озмун иштирокчиён якчанд намудро аз ҷумлаи намояндагони олами парандаҳои Тоҷикистон барои интихоби номзади «Парандаи сол» пешниҳод мекунанд.

Интихоби рӯйхати номзадҳо озод аст ва иштирокчиён метавонанд барои шомил намудан ба рӯйхат якчанд номзадро (намудҳои парандаҳоро) пешниҳод кунанд. Интихоби номзадҳо барои «Парандаи сол» тибқи меъёрҳои муайян сурат мегирад. Ҳангоми интихоби номзадҳо афзалият ба он намуди парандаҳо дода мешавад, ки онҳо зери таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шадид дучор шудаанд ва таҳдидҳои мавҷуда метавонанд дар оянда боиси маҳдуд шудани ҳавзаи зист ва саршумори ин намудҳо шаванд. Ҳангоми мубоҳиса пешниҳоди ҳар як иштирокчӣ дар бораи ба рӯйхати номзадҳо шомил кардани ин ва ё он намуди парандаҳо ба назар гирифта мешавад.

Иштирокчӣ бояд пешниҳоди худро ба таври возеҳ ва ҳамаҷониба асоснок кунад. Пас аз хатми мубоҳиса номзад ба номинаи «Парандаи сол» аз ҷумлаи номзадҳои эҳтимолӣ бо роҳи овоздиҳӣ интихоб карда мешавад.

Ҳайат озмунро ҷамъбаст намуда, як намуди парандаро аз олами ҳайвоноти Тоҷикистон «Парандаи сол» эълон мекунад, ки он рамзи корҳои вобаста ба муҳофизати табиат дар тӯли сол мегардад. Тибқи меъёрҳои коркардшуда, дар қатори намудҳои нодири парандаҳо, намудҳои парандаҳои одӣ низ метавонанд ҳамчун номзад интихоб карда шаванд.

Масалан, дар номинаи «Парандаи соли 2021» парандаи Шоҳуқоб (Бургут), як намуд аз оилаи уқобҳо  интихоб шуда буд, ки он рамзи таҳкими ҳокимият ва рушд аст. Ҳама медонанд, ки имсол 30-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Тавре ки мо медонем, 93% масоҳати кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва Шоҳуқоб сокини мавзеъҳои баландкӯҳ буда, ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шудааст. Бо дарназардошти ин меъёрҳо, аъзои комиссия ҳангоми интихоби Шоҳуқоб ҳамчун «Парандаи соли 2021» ба тавофуқ расиданд.

Пас аз муайян намудани номзад ба «Парандаи сол» аъзои Иттифоқи муҳофизати табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Пажӯҳишгоҳи зоологӣ ва паразитологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, интихоби аксҳои баландсифат, коркарди матн ва тарроҳии тақвимро шурӯъ мекунанд ва минбаъд онро чоп ва дар байни ташкилот ва аҳолӣ паҳн мекунанд.

Аксияи «Парандаи сол» инчунин татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки ба фаъол ва оммавӣ намудани маърифати экологӣ дар тӯли сол равона шудаанд, дар бар мегирад, ки аз ташкили конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони мактабҳои олӣ, талабаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра иборат мебошанд. Инчунин мулоқотҳои сайёр бо аҳолии маҳаллӣ, ки дар хориҷи ҳавзаи сукунати  номзади «Парандаи сол» зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол ба ҷойҳои асосии зисти он таъсир расонанд, ташкил карда мешаванд. Дар доираи аксияи “Парандаи сол” инчунин экспедитсияҳо барои арзёбии вазъи намуди ғолиби озмун ва дигар намудҳои парандаҳо ташкил карда мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Илова бар ин, 1 апрел рӯзҳои зерин ҷашн гирифта мешаванд:

РӮЗИ ХАНДА

Рӯзи ханда — ин ҷашни байналмилалӣ аст ва дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ҳазлу шӯхӣ бо хешовандон, дӯстон ва шиносҳо ё масхара кардани онҳо одат шудааст.

Гуфтан душвор аст, ки ин ид аз куҷо омадааст ва чӣ тавр пайдо шудааст. Тибқи яке аз фарзияҳои маъмулӣ, одати ҳазлу шӯхӣ ва масхара кардани якдигар дар рӯзи 1 апрел ба интиқоли соли нав рабт дорад.

 РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ КОНЯК

1 апрел ҷашни ғайрирасмиест, ки асосан дар доираҳои мутахассисон-истеҳсолкунандагон, инчунин мухлисони яке аз нӯшокиҳои сахти спиртӣ маъмул  аст. Дар ин рӯз зодрӯзи коняк ҷашн гирифта мешавад.

Мувофиқи анъанае, ки ба таври қонунӣ дар Франсия дар декрете аз соли 1909 сабт  шудааст, то 1 апрел бояд софкунии шароб дар ҳамаи заводҳои коняки Франсия ба итмом расад. Маҳз аз ҳамин рӯз ҳисоби «аср» -и коняк шурӯъ мешавад.

РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ ДОЛЛАР

Ин рӯзест, ки аломати «$» сохта шудааст, ки ин асъорро ифода мекунад. Доллари ИМА ҳамчун пули миллӣ соли 1785 тасдиқ шуда буд, вале аломати долларро ҳафт сол пеш, 1 апрели 1778, як соҳибкор аз Орлеани Нав Оливер Поллок ихтироъ карда буд.

Дар омади гап, худи калимаи «доллар» аз калимаи талери немисӣ сарчашма мегирад, ки дар натиҷаи ихтисори Йоахимсталер мюнтсе (танга аз водии Иоахими муқаддас) пайдо шудааст. Шаклҳои дигари ин ном дар кишварҳои гуногун чунин буданд: таллеро — дар Италия, далеро — дар Испания, далер — дар Скандинавия.

Апрель 1, 2021 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид