МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Чӣ бояд кард, то деҳқонон ҳамасола ҳосили фаровони пахта рӯёнанд?

Апрель 21, 2021 14:38

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кишти пахта босуръат идома дорад. Имсол тибқи дурнамо дар мамлакат дар 191 000 гектар чигит кишт мешавад. Соли 2020 дар майдони 186 155 гектар кишти чигит гузаронида шуда буд, ки нисбат ба як соли пеш (2019)  484 гектар зиёд буд.  Кишоварзон порсол   409 ҳазору 477 тонна ва ё нисбат ба соли 2019   ба андозаи 1,6 фоиз зиёд ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи дурнамо соли равон дар 45 хоҷагии пахтакор 1080 гектар кишти чигит муайян шудааст. Аз ин миқдор то имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар  800 гектар пунбадона кишт шудааст.

Кишоварзони  Левакант нақша доранд, ки барои рӯёнидани ҳосили хуби пахта навъҳои тухмии «Австралиягӣ», «СД-388», «Хатлон-2014» ва «Флеш» кишт намоянд, зеро ба гуфти мутахассисони соҳа, ин навъи тухмӣ ҳосили фаровон хоҳад дод.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд  мегадад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Пас чӣ бояд кард, то деҳқонони мо ҳамасола ҳосили фаровони  «тиллои сафед» ба даст оранд?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассисони соҳаи кишоварзӣ посух мегӯянд.

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки  «яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- ин интихоби дурусти навъи чигит мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ дошта бошанд.  Инчунин шарти дигар, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти чигит мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш менамоянд, ки муҳлати кишти чигитро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад».

Мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тура Яҳёев зикр намуд, ки «дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат кишти чигитро то 80 фоиз иҷро намудаанд. Барои ба даст овардани ҳосили фаровон бояд корҳои агротехникӣ хуб иҷро карда шаванд. Барвақт кишт намудани чигит барои рӯёнидани ҳосили хуб имкон намедиҳад. Аз ин рӯ бояд қабати болоии замин то 10 сантиметр чуқур ва на камтар аз 12 то 14 дараҷа гарм  бошад».

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров зикр намуд, ки чигит бояд дар муддати 8 ё 10 рӯз аз замин неш зада барояд. Агар муҳлати барориш тӯл кашад, масалан то 15 ё 20 рӯз, дар ин ҳолат чигит пӯсида, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешавад.

Тибқи мушоҳидаҳои олимон, як сабаби камҳосилии пахта- ин риоя нагардидани зичии ниҳолҳо мебошад. Баъд аз он ки чигит хуб инкишоф ёфт, обмонӣ ва додани нуриҳои минералию органикӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Бояд гуфт, ки агар растанӣ дар аввал солиму мустаҳкам бошад, он хуб нашъу намо ёфта, ҳосили фаровон медиҳад. Барои растании солим ғизодиҳӣ бояд сари вақт ва бо меъёрҳои муайянгардида иҷро карда шавад. Дар бештари ҳолатҳо кишоварзон инкишофи сусти чигитро дида, якбора ба обмонӣ шурӯъ мекунанд, ки ин хато мебошад. Агар мо оби аввалро ба замин дертар диҳем, чигит дар замин бештар реша давонда, аз қисмати поёни замин об ва ғизоро ҷаббида мегирад.

Мавсуф зикр намуд, ки агар реша чӣ қадаре, ки ба замин чуқуртар равад (реша асосан барои кофтани об ва ғизо ба замин чуқур меравад), ҳамон қадар ба хушкӣ тобовар мегардад. Агар мо замони  инкишофёбии чигит обмониро тезтар оғоз кунем, растанӣ аз қисми болоӣ бо об таъмин гардида, инкишоф меёбад, вале решаи он мустаҳкам намегардад. Аз ин рӯ оби аввалини пахтаро нигоҳ доштан лозим аст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар сурати   аз замин хуб неш зада, набаромадани чигит, вақте  миқдори рӯзҳои офтобӣ зиёд мешавад, бухоршавии об зиёд мегардад, қабати болои хок хушк мешавад, дигар имконияти растаниро бе об сабзонидан ҷой надорад. Дар ин сурат обмонии ҷӯяк дар миён тавсия дода мешавад, то растаниҳо аз замин сабзида бароянд. Ҳамчунин давоми кишт рияои тадбирҳои агротехникӣ бояд дуруст иҷро гардад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим ба назар мерасад.  Аммо мо набояд аз ин тағйирёбӣ ҳаросем, балки баръакс ба он бояд мутобиқ гардем. Аз таҳлилҳои солҳои охир бармеояд, ки ҳоло тағйирёбӣ ниҳоят кам аст. Танҳо чанд соли охир тобистон якбора гарм гардид. Бахусус, моҳҳои июн ва июл гармшавӣ ба назар мерасад. Агар солҳои қабли гармшавӣ 10 ё 14 рӯзро ташкил медод, ду соли охир ин гармшавӣ то 20 рӯз давом мекунад. Дар ин давра растанӣ бояд унсурҳои ҳосилро ба даст оварад, яъне шона ва гул пайдо карда, гул бояд бордор ва ғурак пайдо шавад. Ин давраи нозукии растанӣ мебошад. Дар ин давраи аз ҳад баланд гардидани ҳарорат дар растанӣ хусусияти норасоӣ пайдо мешавад. Хусусияти норасои растанӣ ин аст, ки элементҳои растанӣ шонаю гулу ғуракро мепартоянд. Дар ин навъи растанӣ ҳосил дар қисми болоӣ асту халос.

Зикриёхон Ҳайдаров чунин мешуморад, ки олимони моро зарур аст дар самти офариниши навъҳои устувор ба ҳарорати баланд селексия офаранд. Навъҳои истеҳсолнамудаи олимони тоҷик ин хусусиятро кам дороянд. Навъҳое, ки аз хориҷа ворид мегарданд, то андозае ин хусусиятро доранд, аммо  онҳо дерпаз буда, имконияти солҳои минбаъда парвариш кардан надоранд.

Мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тура Яҳёев иброз намуд, ки навъҳои Сорбон, Хуҷанд-67, Шарора 10-20, Тоҷикистон, Флора, Кармен, Намангон, Ҳисор, Истиқлол, Суғдиён-2 ва дигар навъҳои ватанӣ аз ҷониби олимони кишоварзӣ минтақабоб гардонида шудаанд. Вақте тухмии нав ихтироъ мегардад, парвариши он бояд муддати чанд сол дар заминҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, то ки ин навъ бо дигар тухмиҳо омехта нагашта, солҳо ба сифати тухмии серҳосил ва ба иқлим устувор истифода шавад.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2021 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ронандагон дар давраи зимистон эҳтиёткор бошанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ гардид
Дар Куала-Лумпур густариши муносибатҳои судманд байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои аъзои ИДМ машварат доир гардид
Дар Исломобод маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбанд
Смартфонҳои нави Huawei дар Дубай муаррифӣ шуданд
Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид