Шароф Рашидов: «Мирзо Турсунзода танҳо Мирзои тоҷикон не, балки Мирзои мо, ӯзбекон низ ҳаст»

Апрель 22, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамҷаворӣ дошта,  бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарварони давлатҳо имрӯз ин равобит густариши тоза касб намудааст. Мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад.

Яке аз шахсиятҳое, ки ба дӯстӣ арҷ мегузошту бо адибони миллати ӯзбек дӯстии ногусастанӣ дошт, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мебошад. Имсол дар сарзамини тоҷикон 110-солагии зодрӯзи ин шоири ватансаро, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад.

Вақте ки сухан дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, бамаврид аст, ки аз дӯстии  арбоби шинохтаи Ӯзбекистон, адиби забардасти ӯзбек Шароф Рашидов ва Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода   ёдовар шавем.

Дар зер  «Дӯсти мо, бародари мо» ном  мақолаи собиқ котиби якуми КМ ҳизби коммунисти  Ӯзбекистон, адиби маъруфи ӯзбек Шароф Рашидовро, ки ба сифати сарсухан дар китоби Мирзо Турсунзода бо номи «Оташ посбони» (соли 1981 ба забони ӯзбекӣ) чоп шудааст,  дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон ЭРМАТОВ  манзури хонандагон  менамоем.

«Решаҳои  дӯстии халқҳои  тоҷику ӯзбек ба қаъри асрҳо рафта мерасанд. Дар ин бора андеша кунем, фавран дӯстии  ду шахси  бузург –Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони  Ҷомӣ ба ёд меояд.  Образнок карда гӯем, ин ду инсони муътабар ду боли азими дӯстии халқамон ва фарҳангамон ба ҳисоб мераванд. Дӯстии мо бо ёрии  ана ҳамин болҳои бузург  ва хастанашаванда асрҳо боз дар қуллаҳои баланд парвоз мекунад.  Ин симоҳои азими рӯҳияти тафаккури инсоният ба ҷангу мубоҳисаҳо  қудрати  бародарӣ, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкориро зид гузошта, барои бахту саодат бо матонати  якҷоя мубориза бурданро ҳадаф қарор додаанд…

Ҳар як давр ташбеҳи шоиронаи худро тақозо мекунад. Вале ҳумои муқаддаси дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  парвози баланди худро давом дода, намунаҳои эҷоди амиқи халқҳои бо якдигар наздик, азиз ва  муътабарро дар замони нав муҷассам  намуда, онро тараннум карда истодааст. Худро болу пари тиллоии мурғи бахт эҳсос намудан барои ҳар шоир саодати бузург аст. Ва бо боварии калон гуфтан мумкин аст, ки дӯсти азизам –Мирзо Турсунзода, ки  ҳоло ман таърифаш дорам,  шоҳпари зебо ва ноёби  ана ҳамин мурғи бахт мебошад.

Калимаи «пар»  ду маъно дорад: маънои якумаш – қалам. Вақте ки дар бораи қалами нависанда сухан меравад, боварии комил дорам, ҳар гавҳаре,  ки аз қалами  Мирзо Турсунзода  чакидааст,  дар хазинаи фарҳанги халқамон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Шеърияти дилбаронаи шоири бозаковат ва соҳибдил аз сарҳадҳои кишвараш гузашта, ба мамлакатҳои дуру наздик парвоз кард. Орому осуда ва бародарона зистани халқҳои сайёраро  чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан болу пари пӯлодии эътиқоди шоир буд. Ӯ халқҳои ҷаҳонро барои бар зидди империализм ва нажодпарастӣ мубориза бурдан ба якдилӣ ва  муттаҳидӣ даъват намуд. Мирзо Турсунзода давоми қариб ним аср дар ҷодаи адабиёти советӣ ҳамчун шоир, драматург ва публисист содиқона, монда нашуда хизмат кард. Истеъдоди бисёрпаҳлӯи худододи худро ба халқ, Ватан, ҷамъият ва миллат пурра сафарбар намуд.

Шиносоии мо аз соли 1949 оғоз ёфт. Он вақтҳо ҳардуи мо ба ҳайати Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриямон раисӣ мекардем. Мирзо Турсунзода  дар вохӯрии  нахустин дар дили ман таассуроти самимӣ ва амиқ гузошт. Арбоби боғайрат ва фаъол, доираи фикру мулоҳизаҳояш васеъ, санъаткори асил будани ӯ аз нигоҳи тез ва  суханҳои буррою ширадораш  маълум шуда меистод. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода пеш аз шинос шудан низ бисёр суханҳои нағз шунида, асарҳояшро бо завқ мутолиа карда будам. Мисраъҳои пурҳаяҷон ва таъсирбахши  ӯро, ки  ба ҷанговарони тоҷик бахшида  буд ва   онҳоро бар зидди фашистон  чӣ тавр рӯҳбаланд месохт, дар ёд дорам. Шеърҳои пурмазмун ва нафиси шоир, ки аз онҳо ҳарорати гражданӣ баръало ҳис карда мешуд,  дар дил ҳиссиёти ватандӯстиро ба ҷунбиш меоварданд, фикрҳои пурмағзи  шоир  шахсро дар ҳайрат мегузоштанд. Баъди  шахсан бо шоир вохӯрдан ҳамаи навиштаҳои ӯро аз нав  хонда баромадам. Бисёр шеърҳояшро, ки  бо маҳорати калон, ҳиссиёти  баланд  навишта шуда буданд, такрор ба такрор мутолиа  мекардам.

Соли 1957 дар Тошканд  барои даъват намудани Конференсияи якуми  нависандагони  Осиё ва Африқо  кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт, ки камина раис, Мирзо Турсунзода аъзои фаъолтарини ин кумита будем. Алоқаи эҷодӣ ва муносибатҳои шахсии Мирзо Турсунзода бо нависандагони тараққипарвари Осиё ва Африқо кори моро аз ҳар ҷиҳат осон гардонд. Зеро  Мирзо Турсунзода аллакай бо асарҳои «Ман аз Шарқи озод», «Садои Осиё» ва достони «Ҳасани аробакаш» дар Шарқ маълум ва машҳур буд.  Масалан «Ман аз Шарқи озод» ном силсилашеърҳояш, ки дар принсипи  қиёс намудани кӯҳнаву нав навишта шуда буд, дар бораи ҷамъиятро аз нав сохтану  роҳҳои мубориза бурдан барои   бахту саодати халқро ба ҳама фаҳмо  нақл мекунад. Мирзо Турсунзода бо ин асарҳои худ дар пеши чашми хонандаҳо  фақат шоири моҳири лирик не,  балки публисисти оташинсухан ва шоири муборизи сулҳ ва адолат низ намоён гашта буд.

Дар сафари якҷоя ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо ошиқони  шеърият чӣ тавр Мирзо Турсунзодаро бо меҳру муҳаббати бузург ва беҳамто пешвоз гирифта, ба оғӯш кашиданашонро дида, аз дӯсти азизам  фахр мекардам. Ба ӯ гул ва табассум ҳадя намуда, барояш бо хушнудӣ ва аз самими қалб чаппак мезаданд, оламро фаромӯш карда, бо ҷону дил суханрониашро гӯш мекарданд. Офаридаи шоир образи Ҳасани  аробакаш барои ҳазорон  нафар ба ҳақиқати реалӣ, ки инкор карда намешуд, табдил ёфта буд. Дар шахсияти ин писари тоҷик, ки давоми асрҳои зиёд  азобу машаққат кашида, дар роҳи ҳақиқат, адолат ва саодат ҷонбозиҳо нишон додааст, халқаш ифодаи  худро ёфтааст. Охир худи Мирзо Турсунзода низ солҳои кӯдакӣ меҳнати сахти ҷисмонӣ ва рӯзҳои мудҳиши муҳтоҷиро аз сар гузаронида буд. Ба Мирзо Турсунзода–писари дуредгари одӣ роҳи баланди маърифат  ва фарҳангро гузаштан насиб гардид ва фарзанди фарзонаи  миллати тоҷик гашт.

Мирзо Турсунзода ба маънои том шоири ҳақиқии ватани худ буд. Ӯ дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф мезад. Аз муваффақиятҳои кишвараш бо  меҳру муҳаббат сухан мегуфт, бо  ҳиссиёти баланд тараннум мекард. Овози таъсирбахш ва даъваткоронаи ӯ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон шунида мешуд. Зеро қалби шоир аз  меҳру муҳаббати одамони одӣ, ки нисбат ба ӯ доштанд, моломол буд. Фикру зикр, ташвишу тараддуд ва азобу машаққатҳои меҳнаткашони Ҳиндустон ва Покистон, Эрон ва Миср, Ветнам ва Корея  ба шоир ором намедод, ӯ дар ин бора андеша мекард. Шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Фикру мулоҳизаҳои шоир дар бораи тақдири  мардуми одии  ҳинд, афғон, араб, эронӣ ҳеҷ касро бепарво намегузошт. Аз ин  сабаб иштироки Мирзо Турсунзода дар кумитаи ташкилии таърихии форуми нависандагон, ки моҳи октябри соли 1958 дар Тошканд гузашта буд, муваффақияти онро  таъмин намуд. Дар конференсия бисёр адибони Шарқ ҳозир буданд.  Фаъолияти беандоза ва обрӯю эътибори калони Мирзо Турсунзода дар байни адибони Шарқ ва Африқо ҳамфикрӣ ба вуҷуд овард ва нависандагони ду қитъаи бузургро муттаҳид намуд. Ӯ давоми 20 сол раиси  Шӯрои Кумитаи якдилии халқҳои  Осиё ва Африқо  буд. Каломи илҳомбахшу ҷозибадори ӯ дар Деҳлӣ, Қоҳира, Алҷазоир, Стокголм, Конакри, Гавана, Бейрут садо медод.

Сафарам ба Куба, ки бо Мирзо Турсунзода доштам, ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд. Дар он ҷо Конфронси  якуми якдилии халқҳои  Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ  мегузашт. Ба Гавана дар арафаи соли нави 1966 дохил шудем. Дар меҳмонхона ҷой гирифта, ба тамошои шаҳр баромадем. Роҳ ва хиёбонҳои шаҳр, ки  бо шиору плакатҳо, байрақҳои  ҳархела ва транспарантҳо  оро дода шуда буд, гӯё либоси идона дошт. Аз чор тараф садоҳои  сурудхонӣ  ба гӯш мерасид. Дӯсти тоҷикам Мирзо Турсунзода ба рӯҳияи халқи баҳодур ва меҳмондӯсти Куба, ки ҳафтсолагии  инқилобро ид мекард,  нигоҳ намуда, аз шодӣ сараш ба осмон мерасид, чеҳрааш гул-гул мешукуфт.

Мирзо Турсунзода дар бораи дидаю шунидаҳояш бо рӯҳи баланд нақл мекард, ҳар замон ба даст қалам гирифта, дар дафтарчааш тез-тез сатрҳои нав менавишт. Дар қалби ҳассоси  шоир шеър бунёд мешуд. Рӯзи 3 январ конференсия кушода шуд. Дар кори конференсия аз 82 мамлакати Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ 512 нафар вакилон иштирок доштанд. Кори конференсия дар шароити басо вазнин ва мураккаб давом мекард. Душманони сулҳу пешрафт дар байни вакилон низоъ меандохтанд, ба якдилии онҳо рахна ворид месохтанд. Аз  минбарҳои конференсия, ҳуҷраҳо ва кӯчаҳо овозаҳои ғаразнок шунида мешуданд. Онҳо  «муттаҳид намудани халқҳои се қитъа бефоида»,–гӯён иғво паҳн мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки  ин ҷамъомад баргузор нагардад, дар байни вакилон парокандагӣ рӯй диҳад. Муборизи оташинсухан будани Мирзо Турсунзода ба ин хел иғвоҳо зарбаи сахт зад, ки то ҳозир аз пеши чашмам  дур нарафтааст. Дар рӯйи замин бори аввал якдилии халқҳои Осиёю Африқо ва Америкаи Лотинӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин кор хизмати шоистаи дӯсти азизам Мирзо Турсунзода беназир аст.

Оре, дар ҷаҳон дӯстҳои Мирзо Турсунзода беҳисоб буданд. Вале душманони ӯ, мухолифони ғоявиаш низ кам набуданд. Ӯ мавридаш ояд, бо душманони худ  кушоду  равшан ва сахт мубориза мебурд, муросо намекард. Айни  ҳол ин корро ӯ фақат аз минбари конференсия, анҷуман, форумҳо не, балки бо шеърҳои худ давом  медод. Ба баҳсу мунозираҳо бо ҷӯшу хурӯш ворид шудан, бо  рақибони ғоявӣ бемуросо мубориза бурдан, ба одамони одӣ ҳақиқатро рӯирост нишон додан ба рафтор ва эҷодиёти  ӯ тамоман хос буд. Дар байни асарҳои лирикӣ ва публисистикии шоир фарқият ба чашм намерасад. Садои ӯ, ки ба халқҳои Шарқ нигаронида шудааст– садои шоири оташин, нотиқ аст. Ин садо вақте,   ки ғоратгарони Исроил  бар зидди Миср таҷовузро сар карданд, дар байни Ҳиндустону Покистон ҷанҷоли ҳарбӣ ба вуҷуд омад, низ  шунида шуд. Ӯ халқҳои қаҳрамони Ветнаму Куба, Ҷазоиру Конгоро ҳамчун хешу табори наздик  дастгирӣ мекард. Мафтун будан ба ҷасорати Фидел Кастро ва  Патрис Лумумбаро изҳор менамуд. Бо бисёр арбобони тараққипарвари ҷаҳон муносибатҳои дӯстӣ дошта, ҳиссиёти  дӯстиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медошт.

Дар бораи воқеаҳои  байналмилалӣ ва дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода чӣ тавр акси худро ёфтанашон боз бисёр сухан рондан мумкин. Ба асарҳои ӯ муроҷиат мекунем. Агар аз китобҳои шоир сатри хостагиамонро хонем, таппиши дили инсонро чӣ тавр зираконаю ҳушёрона гӯш карданашон, аз ғаму ташвишҳои одамҳои одии сайёра огоҳ гаштанашон, бо онҳо якҷоя дилсӯзӣ карданашон, ба мушкилоти муҳими даврони имрӯза то чӣ дараҷа наздик буданашонро фаҳмидан душвор нест.

Мирзо Турсунзода ба мукофотҳои Ленин ва давлатӣ, ҳамчунин мукофоти Ҷавоҳирлаъл Неру мушарраф гардид. Ӯ Қаҳрамони Меҳнат, узви ҳақиқии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон буд, халқ ӯро чандин маротиба депутати Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикистон интихоб намуд.  Барои  густариш ёфтани адабиёти тоҷик ва мубориза бурдан дар роҳи сулҳу тараққиёти иҷтимоии халқ саҳми Мирзо Турсунзода  бебаҳост.

Аз рӯзҳои  аввали дӯстии мо то лаҳзаҳои охирини ҳаёти шоир моро решаҳои боқии ҳамкории эҷодӣ ва муносибатҳои инсонӣ фаро гирифта буданд. Ин решаҳо аз шираю шарбати кишвари азизамон  баҳра мегирифт, ин решаҳо аз шарофати  дӯстии  файзбор ва  баракати халқамон рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегашт. Дар мамлакатамон гузаронидани  ҳафтаю даҳаҳои адабиёт ва санъат, алоқаҳои доимии фарҳанг, аз неъматҳои маънавӣ баҳраманд шудан дар байни халқамон ба анъанаи бузург табдил ёфта буд. Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистонро, ки соли 1968 баргузор гашта буд, то ҳозир ёд дорам. Вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ, суҳбатҳо танҳо дар вазъияти расмӣ не, балки дар атрофи дастурхон, дар Душанбе дар хонадони Мирзо Турсунзода, дар Тошканд дар хонаи камина баргузор гашта буданд. Вохӯриҳое, ки бо Мирзо Турсунзода мешуд, фаромӯшнашаванда буда, ҳам дар қалби ман, ҳам  дар хотираи ман муҳри абадӣ гузоштаанд. Ӯ танҳо Мирзои тоҷикон не, балки Мирзои мо–ӯзбекон  низ ҳаст. Дӯстам хислати аҷиб дошт, бағоят хоксор ва одӣ, оқилу доно   буд,  суҳбаташ завқ мебахшид. Дониши ғанӣ дошт. Вазифа ва масъулияти худро ба дараҷаи олӣ ҳис мекард. Ҳар як суханаш, ҳар як сатрашро бо ҳаёти одамони одӣ, бо манфиати онҳо андозаву қиёс  мекард. Ӯ дар ин бора андеша намуда, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро васф мекард, на танҳо дар бораи дастовардҳои фарҳангӣ, адабиёту санъат, балки саноат ва хоҷагии қишлоқи  ин ду халқ   низ бо ҳиссиёти оташин изҳори назар мекард.

Мирзо Турсунзода бо халқи азизи худ якдилу ҳамқадам, ба тақдири ӯ, ба ҳаёти имрӯза ва фардои ӯ масъул буданашро аниқ ҳис мекард. Ба зидди мустамликадорӣ мубориза бурда, давлатҳои навтаъсиси Африқоро, ки озодӣ ба даст оварда истода буданд,  хайра мақдам мегуфт,  мадҳ мекард,  таманниёти аз ҳама беҳтаринро ба онҳо изҳор менамуд.

Устод Садриддин Айнӣ анъанаҳои баланди адабиёти классикии Шарқи бузургро  ба дараҷаи аъло аз худ карда, онро бо ҷилваҳои нав ғанӣ гардондааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун шогирди  содиқи домулло Айнӣ чашми тафаккури худ, сухани шоиронаи худро  танҳо ба тоҷикон не, балки  ба меҳнаткашони Афғонистону Покистон низ нигаронида буд. Ӯ орзу мекард, ки меҳнаткашони ин мамлакатҳо низ ба по хеста, сохти кӯҳнаро аз решааш канда партофта, дар роҳи муборизаи ҳаёти нав баҳодурона қадам гузоранд. Шоир дар ин бора шеърҳо менавишт. Суханҳои рӯҳбаландкунандаи ӯ ба тамоми ҷаҳон паҳн гашта, дар қалбу шуури одамони одӣ роҳ ёфтанд, ҷой гирифтанд, ба дилҳо барои аз занҷири асорат халос шудан неруи нав, боварӣ ва умед  бахшиданд.

Ҳоло  ба эҷодиёти дӯсти азизам Мирзо Турсунзода, ки ба аҳли ҷаҳон бисёр асарҳои олиҷаноб ҳадя кардааст, баҳо дода, роҳи тайкардаи умри ӯро пеши чашм оварда, аз  халқи тоҷик, ки ин истеъдоди бузургро ба воя расондааст, ифтихор дорам. Ҳаёти фаромӯшнашавандаи Мирзо Турсунзода ифодаи тантанаи ғояҳои дӯстии халқҳо, муборизаи  мустаҳкам бурдан барои сулҳу субот буд ва хоҳад монд».

Апрель 22, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад
Дар доираи маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» беш аз 500 духтар бо либоси миллӣ аз маркази Бохтар гузаштанд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ гардид
Ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе барномаи мутрибони муассисаҳои Вазорати фарҳанг доир мешавад
«АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО ЧИДА МЕМОЛАМ БА ЧАШМ…». Ва ё рангҳои зиндагӣ дар шеъри рангини устод Мирзо Турсунзода
Дар Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» ҷамъбаст шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» баргузор шуд
Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омад
ИНҚИЛОБИ БУЗУРГИ ФУТБОЛ! ТАСС маводи худро дар бораи ташкили мусобиқаи нав — Суперлигаи Аврупо чунин унвон гузоштааст
Ба оилаҳои шаҳри Ваҳдат туҳфаи Пешвои миллат – китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид
Бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва оғоз шуд
ЮНЕСКО таҷлили 1050-солагии олими бузурги асримиёнагӣ Абӯ Райҳони Беруниро маъқул донист