Тоҷикистон ва БАТР Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»-ро ба имзо расониданд

Апрель 15, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  14 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 11,1 млн доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  – Роҳбари  Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ба имзо расониданд.

Лоиҳа дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он корҳои таҷдиду навсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд, инчунин сохтмону барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 110 кВ пешбинӣ карда шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Ҳадаф аз амалӣ гардидани лоиҳа муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёри қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳри Душанбе, камхарҷ намудани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ,  коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо ва ба ин васила баланд бардоштани даромаднокии он мебошад.

Апрель 15, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид