Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар 71-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар синни 71 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марҳум нимаи аввали имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Асалбегим Саодатова 4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Соли 1971 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А. В. Луначарский ба ватан омада, дар қатори бунёдгузорони Театри ҷавонон буд. Миёни алоқамандон бештар бо нақши «Аҷузкампир» аз намоиши телевизионии «Алифбоҷон, Алифбо!» машҳур мебошад.
Мавсуф фаъолияти пурраи эҷодиашро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаронидааст.
Асалбегим Саодатова дар тӯли беш аз чор даҳсола дар спектаклҳои зиёд нақш бозида, қаҳрамонҳоеро рӯи саҳна овард, ки аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам тафовут доранд. Инчунин дар саҳнаҳои офаридаи ӯ самимият бештар дида мешавад. Саҳнаҳои офаридааш «Робиаи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Тангои ҷиноятӣ», «Модар меояд», «Муаллими рақс», «Ситораи роҳнамо», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст», «Суруди зиндагӣ», «Алафҳои бегона», «Ҳукм», «Донаки сеҳрнок», «Фолбин», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Кулбаи хонум Зоя» аз ҳамин қабиланд.
Асалбегим Саодатова дар саҳначаю намоишҳои телевизионӣ низ ҳунар нишон додааст.
Акс аз манбаъҳои боз








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






