«УСТОД АЙНӢ ДАР МАҚОМИ РӮШАНГАРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон маҳфили илмию эҷодӣ доир намуд

Апрель 15, 2021 09:51

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони «Устод Айнӣ дар мақоми рӯшангарии миллӣ» маҳфили илмию эҷодӣ баргузор гардид.

Устоди донишкада Нозим  Нуров  дар мавзӯи «Устод Айнӣ дар мақоми рӯшангарии миллӣ»  маърӯза карда, доир ба шахсияти  Садриддин Айнӣ ва  ҷойгоҳу мақоми ӯ дар таърихи миллӣ маълумот дод.

Мавсуф аз ҷумла таъкид кард, ки устод  С. Айнӣ аз ибтидои садаи ХХ то охири умр дар масири рӯшангарии миллӣ устуворона  гом бардошта, аз  миллати тоҷик дар баробари душманони қавмию сиёсӣ дифоъ кардааст. Ин аст, ки шинохти шахсият ва омӯзиши бардавоми осори устод Садридин Айнӣ зарурати таърихию сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва миллӣ мебошад.

Дар бахши эҷодии маҳфил донишҷӯёни шуъбаи актёрӣ порчаҳои насриро аз осори устод Айнӣ қироат намуданд. Порчаҳои мунтахаб лаҳзаҳои муҳими зиндагӣ ва ҳаводиси хотирмони рӯзгори миллиро фаро гирифта, аз ҷониби донишҷӯён дар сатҳи баланди эҷодӣ иҷро гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 143 сол пур мешавад. Агар дар адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри ХIХ Аҳмади Дониш қадамҳои устувор гузошта бошад, дар асри ХХ устод Садриддин Айнӣ ин ҷараёнро идома дода, бо ақидаҳои маорифпарваронаи худ дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи мустаҳкам касб намуд. Афкори маорифпарварии устод Айнӣ дар мероси бою пурарзиши ӯ баръало инъикос ёфтаанд.

Ашъори устод Айнӣ ҷанбаи маърифатию маорифпарварӣ дошта, барои босавод кардани мардум эҷод карда шудааст. Ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар як давраи тақдирсоз зиндагӣ кардааст. Эҷодиёти устод то имрӯз қадру манзалати худро гум накардааст ва бо мазмуни баланду хусусиятҳои хоси даъватомези худ асрҳои аср зиндаю ҷовид хоҳад монд.

                   АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва  сомонаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Апрель 15, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд