Вазорати молия: «Омадани ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати муайянкунии иқтидори неругоҳи Роғун, ҷалби сармоя ва татбиқи фаврии ин лоиҳаи муҳими стратегӣ дар назар аст»
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонии Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде 27 апрел зимни вохӯрии маҷозӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ карданд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад.
Тавре Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, дар тӯли 28 соли шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба таври назаррас дастгирӣ кардааст.
«Соли 2020 ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ба василаи ҷудо намудани маблағҳо барои лоиҳаҳои муқовимат бо пандемияи COVID-19 нигаронида шуда, тақвияти бештар ёфт. Кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар кори ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ ва боздоштани паҳншавии пандемия дар ҷумҳурӣ мусоидат кард», — зикр намуд вазир.
Таъкид карда шуд, ки ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон барои сармоягузорони оянда, соҳибкорони ватанӣ фазои устувортар фароҳам меорад ва ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад.
Инчунин интизор меравад, ки ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати муайян кардани иқтидори неругоҳи Роғун ба ҷалби сармоя ва татбиқи фаврии ин лоиҳаи муҳими стратегӣ, ки хусусияти минтақавӣ дорад ва метавонад на танҳо ба рушди Тоҷикистон, балки инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак намояд, мусоидат хоҳад кард.
АКС аз Вазорати молияи ҶТ








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






