Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Барои бартарафсозии оқибатҳои манфии COVID-19 ҳамкории минтақавиро бояд тақвият дод

Апрель 28, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти  унвони «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули аз пештара ҳам беҳтар тавассути ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 26-27 апрел дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тавре қаблан АМИТ “Ховар” иттилоъ дода буд, 26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласа суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаро бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи коронавируси COVID-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз дар дунё кишвар ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Илова бар ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.

Дар қисмати дуюми ҷаласа, ки 27 апрел доир гардид, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир ба ташаббусҳои роҳандозигардида ҷиҳати  коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои он сухан гуфт.

Абдураҳмонзода  зикр кард, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мазкур якчанд тадбирҳои назаррас андешида шудаанд, ки дар натиҷаи он Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  82,5 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод.

Зикр шуд, ки барои беҳтар намудани фазои иқтисодӣ ва низоми тиҷоратӣ, инчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии COVID-19 ҳамкории  минтақавиро бояд тақвият дод.

   АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Апрель 28, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд