ВОРУХ ВА МО. Андешаҳои шоир Нозир Ёдгорӣ доир ба ин мавзуъ

Апрель 1, 2021 12:07

ДУШАНБЕ, 01.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Ман Исфара, махсусан Ворухро, хеле дӯст медорам. Дар ин хиттаи зебову дилнишин дӯстону ақрабои зиёди ман зиндагӣ мекунанд. Ба қазияи Ворух ҳама вақт бо дарду алам ва ғаму ташвиш менигарам. Бо сокинони он аз наздик суҳбат намуда, аз зиндагиву ниёзашон хуб огоҳам. Чанд бор дар давраи буҳрони муносибатҳои муташшаниҷ ҳам дар он ҷо будам», — чунин зикр намудааст андешаҳои шахсии худро шоир Нозир Ёдгорӣ оид ба масъалаи атрофи Ворухи шаҳри Исфара.

Тавре ҳама медонем, чанд нафар дар ин муноқишаҳо қурбон ҳам шуданд, ин талафоти бузург аст. Ана боз муноқиша, ки муаллифи он бешубҳа Қамчибек Ташиев, роҳбари намояндаи Қирғизистон, дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи ҷамъбасти даври аввали делимитатсияи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон Қамчибек Ташиев  буд.

Дар бораи кӣ ва чӣ гуна одам будани ин Қамчибек Ташиев Ҳамрохон Зарифӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ «Замини Ворух — абадан қаламрави Тоҷикистон аст» (АМИТ «Ховар» 31.03.2021) хеле пурраву возеҳ навиштааст.

Ман дар дигар масъала сухан ронданиям. Тавре маълум аст дар чанд соли охир дар Қирғизистон ошубҳо бо номи пурдабдабаи «мубориза барои ҳақиқату адолат»  сурат мегирад, ки  дар он президентҳои собиқи ин кишвар А. Акаев, К. Бокиев, А. Отамбоев, С. Жээнбеков сарнагун ва имрӯз душман эълон шудаанд. Акнун ин ғосибони ҳукумат ҷанҷолро аз марзи худ берун бароварда, оё ният надоранд, ки бо баҳонаи «Патриотизм» мавқеи худро дар кишварашон мустаҳкам намоянд? Барои ин баҳонаи хуб, албатта заминҳои Исфара аст! Ман дар саргузашти  Қамчибек Ташиев  ягон нуктаи таърихдонии ӯро наёфтам ва намедонам кӣ ба ӯ ҳукук додааст, ки чунин изҳороти иғвоангезро изҳор намояд?  Ин амали ӯро ба ғайр аз иғво ангехтан дигар хел ном гирифтан ҳам нашояд.

Қамчибек Ташиев  дар кишвари худ чӣ коре карду накард, ман кор надорам. Вале вақте сӯи замини ниёгони ман чашм ало месозад ва изҳороти бепоя ва беасос пахш менамояд, аз ҳамин  дараҷаи маърифату фаросати ин шахс аллакай аён мешавад.

Муҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ хеле дуруст қайд намуданд: «Ҳамин тавр, ин сиёсатмадори шӯрапушт, бар хилофи ҳамақавонини раванди музокирот, назокат ва эҳтиром нисбат ба худ ва аъзои ҳайати давлати дигар, аз ҳуҷумаш ба “Кохи Сафед”илҳом гирифта, қарор дод, ки ин таҷрибаро дар қаламрави давлати дигари соҳибихтиёр озмоиш кунад»

Ман аз худ илова мекунам, ки:

Дар он хоке, ки тоҷик офаридаст он,
Ва доим Тоҷикистон буду мемонад,
Ду-се бегонае «сардор»,
Гаҳе масту гаҳе ҳушёр,
Умеди муқимӣ доранд,
Умеди ҳокимӣ доранд.

Дар ин барбар ман гузоришу андешаҳои зиёди дӯстону ҳамқаламонро дар матбуот, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мехонам ва таҳсис менамоям, ки ин гуна изҳорот ҳамаро ба ташвишу ҳаяҷон овардааст. Вале як чизро сахт таъкид кардан мехоҳам: ба иғвои Қамчибек Ташиев набояд дода шавем, ба иззати нафси кулли миллати қирғиз, ки садсолаҳо  паҳлуи ҳам зиндагӣ кардем, таърихи ҳамзистии нек, равобити адабию фарҳангӣ дорем, набояд расид. Ба қавли муҳтарам Зарифӣ, чунин афроди манфӣ натанҳо дар байни ҳамсоягонамон, балки миёни худи мо низ ҳастанд.

Даъват ба ҷангу муноқиша, таҳқири миллати ҳамсоя-ин ҳама ба осиёби Ташиев ва дигар ҳамақидаҳои ӯ об мерезад ва асли мақсади онҳо низ ҳамин аст, ки дар байни ин ду миллат шӯр ангехта, нуфузи сиёсии худро афзун намоянд.

Дар бораи Ворух ва мевқеи он бошад, аллакай исбот шудааст ва  дар тамоми асноди таърихӣ харитаҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ сабт аст, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд. Бино бар далел ва асноди таърихӣ  Исфара дар асрҳои 15 ва 18 дар ҷои ҳозирааш ташаккул ва инкишоф ёфтааст. Дар китоби «Бобурнома» дар бораи Исфараи асри 15 чунин омадааст: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои мусаффо дорад…Вилояти Исфара  чор қисм куҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум-Ҳушёр..»

Муҳтарам  Зарифӣ низ дар мақолаашон шарҳ додаанд, ки як қисми қаламрави вилояти ҳозираи Бодканд аз рӯи қонун (де-юре) қаламрави Тоҷикистон буд ва дар давраи шӯравӣ ҳамчун тақсимоти маъмурӣ ҳисобида мешуд ва ба он ҷо кӯчманчиён ва чорвои онҳоро роҳ медоданд (диққат диҳед—ба чарогоҳҳои тоҷикон!). Минбаъд, баъзе аз ин кӯчманчиён дар заминҳои аҷдодии тоҷикон муқимӣ шуданд, оилаҳо ташкил намуданд, хонаҳо сохтанд ва дар паҳлӯи бародарони тоҷики худ зиндагии осоишта доштанд…

Боз як чизи дигар: ба ҳама маълум аст, ки ҷангу муноқиша ва таҳқиру паст задани ҳамдигар ягон вақт роҳи ҳалли проблема набуду намешавад. Ба ҷои ин мо бояд бо таҳаммулин асноди таърихиро ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва ҳатто қирғизӣ, тарҷума ва пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ намоем. Дар он ҳолат шояд Қамчибек Ташиев ва ашхоси ба ӯ монанд огаҳие пайдо намоянд ва ноҳақ буданашонро дарк намоянд.

Хеле хуб аст, ки рӯзҳои наздик сафари  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла Исфараву Ворух баргузор мегардад. Албатта ин сафари Президенти Тоҷикистон ба изҳороти Ташиев ягон дахле надорад. Балки ин сафар ва вохӯриву мулоқоти Сарвари давлат дили мардуми Ворухро мебардорад, ҳисси ватандустии онҳоро афзунтар ва бовариву эътимодашро ба фардо қавитар месозад.

Нест Ворух бемуттако, то ки бо сангаш зананд,
Ҳар ки бо сангаш занад, ӯро ба харсангаш зананд.

Апрель 1, 2021 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»