ҚИМАТ НАФУРӮШЕД! Пешвои миллат ба тоҷирон таъкид намуданд, ки молу маҳсулоти худро бо нархи арзон ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд

Апрель 12, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ироаи паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарватмандону тоҷирон даъват намуданд, ки молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд.

Аз ҷумла Сарвари давлат зикр намуданд, ки мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

«Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад», — гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон