«Зол ва Рӯдоба». Вакилони Маҷлиси намояндагон ин намоишро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои маърифатию фарҳангӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши «Зол ва Рӯдоба»-и балети Шуҳрат Ашуров аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дидан намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар анҷоми намоиши мазкур, «дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…»
Занон дар «Шоҳнома» аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс буда, аксари муҳаққиқон «Шоҳнома»-и ӯро беҳтарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонӣ номидаанд. Симои қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.
Симои зан-модар, махсусан мақоми он дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хусусияти ба худ хос дорад. Яке аз сабабҳои интихоб намудани ин мавзӯъ он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза масьалаи зан аз проблемаҳои асосӣ ба шумор рафта, он на танҳо диққати донишмандонро ба худ ҷалб кардааст, балки таваҷҷуҳи муассисаҳои бонуфузи давлатию ғайридавлатиро низ ба худ ҷалб намудааст. Мавзӯи мазкур марҳилаҳои пайдоиш ва инкишофи ҳамосаи миллиро аз лиҳози нақши қахрамонӣ дар робита ба образи занон-модарон дар бар мегирад.
Ҳамин аст, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад. Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди шоирону нависандагони русу олмон, итолиёиву фаронсавӣ ва қавму миллатҳои дигар персонажҳои адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд.










Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






