Азим Иброҳим ва Лилия Бурунчук ҳамкории Тоҷикистонро бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Лилия Бурунчук – директори иҷроияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири нақлиёт ба Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории доимӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди инфрасохтори нақлиётии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ин аст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба яке аз долонҳои калидии нақлиётӣ ва транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон дар ҳама барномаҳои ҳамкорӣ ҳамеша оид ба рушди савдо пешниҳод манзур намуда, ҳамин гуна пешниҳодҳоро аз ҷониби дигар кишварҳо дастгирӣ ва истиқбол менамояд.
Яке аз шарикони кишвар дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва савдо Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз ёфта, айни замон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 74,4 2 миллион доллари амрикоӣ лоиҳа амалӣ карда мешавад. Саҳми Бонк дар татбиқи лоиҳаҳо 65,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, лоиҳа барқарорсозии шаш қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд- Исфара бо дарозии 74,4 км-ро дар бар мегирад, ки соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода шуданд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим афзуд, ки ҳамкории Вазорати нақлиёт бо Бонки ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар хоҳад шуд.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариши минбаъдаи равобит таклифҳо пешниҳод намуданд.
Аксҳо аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






