Дар маҳаллаи Мевагули Хуҷанд мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» кушода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят, табиатдӯстон ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкил гардида, беш аз 25 намуди паранда, зиёда аз 50 намуди моҳичаҳо, 10 намуди гурба, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити зарурии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд.
Дар мағоза ҳамчунин маводи хӯрокаи парандаю ҳайвонот, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва хориҷианд, ба фурӯш гузошта шуда, барои нигоҳдории паранда ва ҳайвонот қафасҳои гуногун ва аквариумҳои муосир пешниҳоди харидорон гардидаанд. Дар ин мағоза тамоми таҷҳизоти марбут ба нигоҳдорӣ ва истифодаи олами ҳайвонот мавҷуд мебошад.
Дар маркази вилояти Суғд ба ғайр аз бозори паранда ин сеюмин мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» аст, ки ҷиҳати рушди тарбияи экологии насли наврас, ташаккул додани дӯстдорӣ ба табиат ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба олами ҳайвонот дар ниҳоди онҳо мусоидат менамояд.
АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






