Дар минтақаҳои Тоҷикистон дар оянда марказҳои логистикӣ ифтитоҳ мегарданд

Май 6, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои кишвар дар оянда ҳамчун  яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев арзёбӣ гардид. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар оянда дар минтақаҳои Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ мусоидат менамояд, хабар медиҳад манбаъ.

Дар мулоқот Завқӣ Завқизода аз ҳамкорӣ ва иштироки СОК СММ дар таҳия ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда арзи сипос намуда, дар робита ба сиёсати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии давлат, инчунин имконияти мавҷудаи робитаҳо дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард. Намояндаи СОК СММ вобаста ба самтҳои фаъолияти созмон, чораҳои амалигардида, кумакҳои техникӣ, имконияти ҳамкории ҷумҳурӣ бо он дар соли ҷорӣ ва давраи минбаъда ибрози андеша намуд.

Зикр шуд, ки то давраи 31 декабри соли 2020 Намояндагии СОК СММ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи фаъоли миллиро ба маблағи умумии 8,1 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст.

Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.

Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Май 6, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид