Дар назди Хадамоти зиддиинҳисорӣ Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҷдиди назар намудани тарифи неруи барқ таъсис дода шуд

Май 7, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҷдиди нархи неруи барқ аз ҳисоби кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор дар назди Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Тавре Хадамоти мазкур хабар медиҳад, гурӯҳи корӣ тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Чанде қабл ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баргузор гардид, ки дар он вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа ба хулосае омаданд, ки бинобар сабаби пеш омадани зарурат ба дастрасии маълумот аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» минбаъд ҷаласаи мазкур дар худи ширкат гузаронида шавад.

Аз рафти баргузории ҷаласа дар сомонаи Хадамот иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 22 июни соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани нархи неруи барқ қарор қабул кард.

Арзиши қувваи барқ тақрибан 17 % боло рафт. Дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон барои ҳар як киловатт неруи барқ 22,66 (1,98 сент) дирам ба ҷои 19,37 (1,87 сент) пардохт менамоянд. Ҳамин хел нархро истеъмолкунандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаи коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ пардохт мекунанд.

Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфт: аз 9 дирам аз моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.

Тибқи таҳлили муқоисавии АМИТ «Ховар», соли 2019 (ниг. «Тоҷикистон аз рӯи арзонии неруи барқ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад, АМИТ «Ховар», 10.10.2019), нархи барқ дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ, инчунин дар ҷаҳон аз ҳама арзонтарин аст.

Май 7, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад