Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маблағҳои пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро ҷуброн мекунад
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷуброн намудани маблағҳои пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» хабар медиҳад.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таваҷҷуҳи пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21000 сомонӣ аз ҳисоби хазина пурра ҷуброн карда мешавад.
Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки 21 майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд намуда буд.
Пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» имкон доранд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545 ё ин ки аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоянд.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






