Олимони тоҷик дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон» иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон», ки дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ баргузор гардид, дар шакли онлайн иштирок карданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз АМИТ иттилоъ доданд, конфронс ба 80-умин солгарди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва таҷлили 76-умин солгарди Ғалабаи бузург бахшида шуда буд.
Иштирокчиёни конфронсро сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Челябинск Дмитрий Семенов, консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода, инчунин ноиби консули Ҷумҳурии Қирғизистон дар Екатеринбург Чолпонай Аҷиматова шодбош гуфтанд.
Иштирокчиёни конфронс маърӯзаҳоро дар бораи коргарони ҷабҳаи ақибгоҳ, инчунин дар бораи ҳаёти рӯзмарра ва фарҳанг дар ақибгоҳ ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шуниданд. Муҳаққиқон дар хусуси сарнавишти одамони кӯчонидашуда, дар бораи чӣ тавр дар Осиёи Марказӣ пазируфта шудани онҳо ва зиндагии минбаъдаи онҳо суҳбат ва зикр карданд, ки аксари кӯчонидашудагон минбаъд дар Осиё монда, онҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳикояҳо дар бораи корнамоиҳои меҳнатӣ ва башардӯстонаи сокинони ИҶШС ба таври махсус зикр карда шуданд.
Иштирокчиёни конфронс ва маърӯзачиён иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо заруранд, зеро бо вуҷуди таҳқиқоти анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам тасвири мукаммали Ҷанги Дуюми Ҷаҳон вуҷуд надорад — бисёр нуктаҳо тасҳеҳталаб мебошанд.
«Ҷанги Дуюми Ҷаҳон — яке аз фоҷиабортарин, вале дар айни замон яке аз саҳифаҳои пурифтихори тамоми халқи Шӯравӣ мебошад. Ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилоят, ҳар шаҳр дар кори Ғалабаи бузург саҳми худро гузоштааст. Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон хеле муҳим аст. Наслҳои ҷавон вазифадоранд ин хотираро ҳифз ва корнамоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар сайёраи мо ташаккул хоҳанд дод», — гуфт Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода.
Илова бар ин, дар доираи конфронс муаррифии маҷмӯаи мақолаҳои илмии «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон» баргузор гардид. Ба ҳайати таҳририяи маҷмӯа муҳаққиқони саршиноси Россия, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомил шудаанд.
АКС аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






