«ТУ ҲАМ ЁДЕ БИКУН АЗ МАН…». Дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта шуд

Май 7, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи  Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб нимпайкараи ин сарояндаи мумтози тоҷик гузошта шуд. Дар маросими ботантанаи пардабардорӣ аз рӯи нипайкара  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз ифтитоҳи ёдгорӣ садои сурудҳои Кароматулло Қурбонов «Баҳорам», «Ватан», «Душанбе», «Суғдиён», «Гулзори ман», «Варзоб», «Ту ҳам ёде бикун аз ман» дар фазои муассиса таниандоз гардиданд.

Фарзандони Кароматулло Қурбонов – овозхонҳои ҷавон ва маъруфи мамлакат Муҳаммадрофӣ ва Нозияи Кароматулло ин рӯйдодро  дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар муҳим ва хотирмон арзёбӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои чунин поси хотири падари равоншоди худ  изҳори сипос намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб соли 1989 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, соли 1991 чун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри  Кӯлоб мустақил гардид ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиткистон соли 2004 ба Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло  Қурбонов   табдил дода шуд.

11 сентябри соли 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилооъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст. Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо айёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Май 7, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд