Залмай Халилзод: «Аз сиёсати Тоҷикистон ва роҳбарияти он барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон қаноатмандем»

Май 4, 2021 19:22

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Аз сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот, инчунин пешравӣ дар Афғонистон қаноатмандем», — таъкид намуд имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод. 

Ба гуфти Залмай Халилзод, Афғонистон пулест миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ. Сулҳу субот дар ин минтақа барои рушду такомули тиҷорат, савдо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Яке аз ҳадафҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Америка маҳз ҳамин самтро дар бар мегирад.

«Хушҳол аз онам, ҳар боре, ки ба Тоҷикистон сафар мекунам, тинҷиву амонӣ ва сулҳу оромӣ ҳувайдост», — гуфт намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод

АКС аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ

Май 4, 2021 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид