Ба китобхонаҳои шаҳри Норак ба таври ройгон 190 номгӯи китоб тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони китоб» ба шаҳри Норак рафта, ба китобхонаҳои марказии шаҳри нурофарон 190 номгӯи китоб ба маблағи 5337 сомонӣ ба таври ройгон тақдим гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташаббуси мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» амалӣ карда мешавад.
Китобҳои фиристодашуда ба китобхонаҳои ҳудуди шаҳр тақсм карда шуда, хоҳишмандону ихлосмандони китоб метавонанд онҳоро дастрас намуда, баҳри баланд бардоштани донишу маънавиёти хеш истифода баранд.
Ҳадаф ва моҳияти ин амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ мебошад.








Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад






