Ба як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон зарур аст, ки то давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода камбудиҳоро бартараф кунанд
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба фаъолияти муназзам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 17 июн таҳти раёсати муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки бо мақсади омӯзиши вазъи воқеӣ дар кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе боздид намуд.
«Омодагии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои барқӣ мавриди санҷиш қарор гирифт ва санади дахлдор барои Ҳукумати кишвар таҳия карда шуд. Як қатор камбудиҳо ошкор карда шуданд. Ба шахсони масъул ҷиҳати рафъи ҳарчи зудтари камбудиҳо дастурҳо дода шуданд», — зикр шудааст дар иттилоияи вазорат.
Таъкид шудааст, ки Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодасозии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» тасдиқ шудааст ва татбиқ карда мешавад.
Дар айни замон захирасозии хӯрокворӣ, ангишт, мазут бо миқдори ками сулфур, гази табиӣ ва моеъ, дигар намудҳои асосии сӯзишворӣ, омодагӣ ба интиқоли барқ ва гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар марҳилаи банақшагирӣ қарор дорад.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






