Бонки умумиҷаҳонӣ барои таҳкими устувории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон $58 млн. ҷудо менамояд

Июнь 22, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки умумиҷаҳонӣ маблағи грантиро дар ҳаҷми 58 миллион доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи таҳкими устувории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуд. Лоиҳа барои ба тағйирёбиҳо бештар тобовар ва устувор намудани соҳаи кишоварзӣ, ки асоси иқтисодиёт ва манбаи даромади аҳолии кишвар мебошад, мусоидат хоҳад кард, гуфтанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Лоиҳа ба тақвият додани замина барои соҳаи кишоварзии ба тағйирёбиҳо бештар тобовар нигаронида шудааст. Он дар навбати худ ба суръатбахшии гуногунсозии соҳаи кишоварзӣ, ба рушди корхонаҳои хусусии хеле хурд, хурд ва миёна дар деҳот мусоидат мекунад ва ҷойҳои иловагии кориро таъсис медиҳад.

Лоиҳа рушди шабакаи тухмиҳои навъҳои тобовар, ниҳолҳо ва маводҳои кӯчатро барои бо миқдор ва сифати зарурӣ таъмин намудани навъҳои ба шароитҳои маҳаллӣ ва иқлим мутобиқ ва тобовар барои парвариши зироатҳои афзалиятнок, дастгирӣ мекунад. Сармоягузорӣ ба технологияҳои истеҳсол барои баланд бардоштани истеҳсолот ва маҳсулнокӣ муҳим аст. Он ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо, аз он ҷумла ба вусъатдиҳии самаранокии истифодаи дигар захираҳо, ба монанди об, нуриҳо ва заҳрҳои зидди ҳашарот, мусоидат мекунад.

Лоиҳа бо муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотие, ки бо Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ таҳкими зарфият дар дурнамои дарозмуҳлат дар самти тадқиқот ва рушди технологияҳо, муайян кардани роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди соҳа, ба ҳисоб меравад.

Гузашта аз ин, дар доираи лоиҳа ҷиҳати дастгирии сармоягузорӣ дар бунёди марказҳои агрологистикӣ барои таъмини занҷирҳои арзиши иловашуда дар соҳаи боғдорӣ бо мақсади беҳтар намудани рақобатпазирӣ дар соҳа ва таъмини дастрасии деҳқонон ба бозорҳо, мусоидат ба гуногунсозии соҳаи кишоварзӣ, таъмини стандартҳои сифат ва амнияти озуқаворӣ, инчунин коҳиши талафот ва исрофи маҳсулоти озуқа, чорабиниҳо пешбинӣ мешаванд. Мавҷудияти чунин марказҳо сармоягузории бештари хусусиро ба соҳаи боғдорӣ, аз он ҷумла боғҳои дарахтони мевадиҳанда ҷалб хоҳад кард. Ин ба кам кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, лоиҳа талошҳоро дар таҳкими зарфияти муассисаҳои алоҳидаи давлатӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии буҳрон, дастгирӣ мекунад. Самтҳои афзалиятнок баҳри вусъатдиҳии иқтидор мониторинги бевоситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва агрометеорология, санҷиши хок барои беҳтар намудани идоракунии ҳосилхезӣ, аз он ҷумла ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ ва мубориза бо малахро дар бар мегиранд.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли оянда амалӣ карда мешавад.

                                        АКС: Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Июнь 22, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид