COVID-19. Дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июнь 28, 2021 20:09

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 8 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 28 июн дар кишвар 13460 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13271 нафар (98,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс аз манбаъҳои боз

Июнь 28, 2021 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд