Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» доир гардид, ки дар он 30 нафар ғолибони даври аввали ин озмун довталабӣ намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввалро командири шуъбачаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ёвон Зоир Раҷабов, мақоми дуюмро оташнишони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадулло Сангов, инчунин ду зинаи сеюмро сардори басти НБО-и «Бойғозӣ» Наҷмиддин Ҳакимов ва оташнишони қисми 25-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати НБО-и «Роғун» Муҳаммадсалмон Атозода сазовор гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ба ғолибони Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон»» ва иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ “Сипоснома”, “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти ин озмун муовини аввали сардори СХДО ВКД, подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода таъкид кард, ки озмуни мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчунин идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи ривоҷ додани китобдорию китобхонӣ дар мамлакат мебошад.
-Ба хотири ҷалби бештари кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба китобхонӣ аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД сабқатҳои гуногуни зеҳнӣ дар байни кормандони хадамот пайваста роҳандозӣ карда мешаванд, ки Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад, -афзуд номбурда.
Маҳбуб Маҳмудзода ҳамчунин иброз дошт, ки «даври аввали Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон»» дар байни тамоми кормандони ҷузъу томҳои СХДО ВКД баргузор гардид ва аз ин миён 30 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат ёфтанд. Ғолибони даври аввали ин озмун имрӯз байни ҳам рақобат карданд ва беҳтаринҳо муайян шуданд. Онҳо давоми чанд муддат ба ин сабқат омодагии ҷиддию ҳамаҷониба дида, бо шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» боз ҳам бештар ошно гаштанд”.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз шаҳвандони мамлакат даъват ба амал меоранд, ки ба китобхонӣ бештар рӯ биоранд. Ба сохтору идораҳо низ супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои боло бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, сатҳи худшиносӣ ва омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.










«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






