Дар шимоли Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ босуръат идома дорад

Июнь 18, 2021 09:12

ХУҶАНД, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ босуръат идома дорад. Яке аз минтақаҳои пешсаф дар ҷамъоварии картошка ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар он ба ҳолати 16 июн зиёда аз 2300 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, моҳҳои январ-марти соли равон бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва коҳиш додани нарх дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 480 гектар тухмии хушсифати маҳаллии картошкаи барвақтӣ кишт карда шуд.

Дар хоҷагиҳои ҷамоатҳои Ғозиён ва Дадабой Холматов ҳосили ҳар гектар аз 225 то 230 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, картошкапарварони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳ 10,8 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намоянд.

Имсол дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар майдони 1786 гектар картошка кишт карда шуд. Истеҳсолкунандагони асосии картошка дар вилояти Суғд ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон мебошанд.

АКС аз бойгонии шуъбаи кишоварзии МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Июнь 18, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад