Дар Суғд 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тамоми муассисаҳои вилояти Суғд ҷамъбаст гардид, ки дар он 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар ин бора директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ 7931 нафар, омӯзгорон 802 нафар, муррабиён 72 нафар ғолиб омада, ба даври дуюми озмун, ки дар шаҳру ноҳияҳо аз 17 июн то 20 июл баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Макони баргузории даври дуюми озмун қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ муайян карда шуда, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба унвони нозир дар озмун таъйин карда шуда, раванди баргузории озмунро назорат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Фирдавс Ашӯрматов, Созмони хонандагони вилояти Суғд ба номи Исмоили Сомонӣ 100 маҳфили доимоамалкунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пояи муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ бо ҷалби беш аз 2 ҳазор хонандагон роҳандозӣ намуданд.
Аксҳо аз бойгонӣ ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






