Дар Вазорати молия якчанд созишномаи маблағгузорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба имзо расиданд

Июнь 29, 2021 12:04

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  созишномаҳои маблағгузории лоиҳаҳои «Навкунии низоми миллии омор», «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)», «Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)»,  «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал»   дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ  ба имзо расонда шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, Созишномаи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор» ба маблағи умумии 10 млн доллари амрикоии грантӣ ба имзо расонида шуда, маблағҳои ҷалбгардида барои навсозии раванди таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, инчунин васеъ намудани иштироки истифодабарандагони маълумоти оморӣ равона мегардад.

Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)» 6 млн доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад, ки он барои баланд бардоштани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии қисмати хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Маблағи умумии Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)» 10 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад. Ҳадаф аз татбиқи Лоиҳаи мазкур таъмини дастрасӣ ба неруи барқ дар маҳалҳои аҳолинишин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайвастгардида мебошад.

Маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз барои Лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» дар ҳаҷми 9 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад. Маблағи мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасии минтақавӣ ба хизматрасонии босифат, инчунин афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлим, коҳиш додани хатарҳо ва кам кардани таъсири онҳо ба афзоиши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешавад.

Акс аз Вазорати молияи ҶТ

Июнь 29, 2021 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд