Корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёчаи Кӯлоб оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи офатзадаи шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бомаром идома дошта, аз ҷумла бо кумаки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) соҳили дарёчаи шаҳр, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, мустаҳкам гардонида мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бо ин мақсад ба шаҳри Кӯлоб омада, дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода аз макони зарардида дидан намуданд.
Зикр шуд, ки Агентии мазкур барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии ин мавзеъ сӯзишворӣ кӯмак расонида, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баҳри анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






