«МО БО ШУМОЕМ!». Дар Душанбе даври дуюми озмуни мазкур ҷамъбаст гардид

Июнь 9, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем!» дар сатҳи шаҳрӣ ҷамъбаст гардид. Даври якуми озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт ташкил ва баргузор гардида, беҳтаринҳо ба  даври дуюм- озмуни  шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар  даври дуюми озмуни шаҳрӣ 26 нафар довталабон аз рӯйи номинаи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър,  навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ рақобат намуданд.

Дар ин бора аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар номинаи суханварӣ ва қироати шеър ҷойи якумро  толибаи  гимназияи №2-и пойтахт  Заҳро Абдуалиева,  мақоми  дуюмро  толибилми  МТМУ №48 Амрихудо Самиров ва  зинаи  сеюмро  хонандаи гимназияи №2 Шаҳром Давлатов  ишғол намуданд.

Дар номинаи сурудхонӣ гирифтани ҷойи якум ба сокини ноҳияи Фирдавсӣ Хатиҷа Муслимова,  мақоми дуюм ба хонандаи МДТИШМ барои кӯдакони нобино ва сустбин Мубориз Каримов ва зинаи  сеюм ба хонандаи Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус (МДТИШМ) барои кӯдакони нобино ва сустбин Ҷовидони Баҳриддин насиб гардид.

Дар номинаи навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҷойи якумро  хонандаи мактаб-интернати №2-и пойтахт  Абубакр Нуралиев  ва ҷойи дуюмро  толибилми  мактаб-интернати гунгу карҳо Эҳсони Абдулҳай  соҳиб шуданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ  гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Мо бо шумоем!»-ро дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур,  пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осепазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКСҲО аз КИ ҲХДТ

Июнь 9, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд