Намояндагони Академияи идоракунӣ дар Форуми байналмилалии илмӣ дар Федератсияи Россия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии Шимолу-Ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Форуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Эътимод ва рушди устувор дар шароити номуайянӣ: мафҳумҳои нави идоракунии давлатӣ дар давраи рақамӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Форуми мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода ва ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сомон Исматов иштирок намуданд.
Форум дар 12 бахш дар мавзӯъҳои гуногунсамт гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар коршиносони варзида аз Федератсияи Россия, кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо дар мизҳои мудаввар, мубоҳисаҳо ва лексияҳои кушод баромад намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода дар бахши 4-ум Форум – «Боварӣ ва шарикии кишварҳо дар доираи ассотсиатсияҳои ҳамгироӣ (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СҲШ, БРИКС, АСЕАН) бо мақсади рушди устувори бисёр қутба» дар мавзӯи «20 соли СҲШ: нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди созмон» баромад намуданд.
Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур барои рушди муколама байни давлат, ҷомеаи тиҷоратӣ ва шаҳрвандон, марказҳои академии Россия ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами идоракунии давлатӣ ҳамчун талаботи дахлнопазири рушди устувор равона гардида буд.








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






