Нашриёти «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Июнь 8, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро роҳандозӣ намуд.Дар ин намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 140 номгӯ  асарҳои  тозанашр бо теъдоди 5000 нусха пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Данғара гардид.

Тавре  директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  хабар дод,  чун аънана дар ин намоиш — фурӯш низ як зумра шоирону нависандагони маъруфти тоҷик  иштирок намуда,  ба   китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  мегузоранд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳи  мазкур  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  суҳбат намуда,  бо   онҳо аз наздик шинос мешаванд.

«Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввал  ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта мешуданд.  Вақтҳои охир  афзоиши  таваҷҷуҳ ва талаботи зиёди мардум   ба китоб моро водор сохт, ки онро қариб  ҳар рӯз онро доир намоем. Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка  ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст»,- афзуд директори «Адиб» Давлат Сафар.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Адиб» баҳри тарғибу ташвиқи китоб миёни қишрҳои ҷомеа   чунин ярмаркаҳоро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат низ доир менамояд.

Июнь 8, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид