Озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти 110-солагии Мирзо Турсунзода ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба хотири гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Ҳисор ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмун насиби олим ва журналист Зафар Мирзоён аз вилояти Хатлон ва ҷойи якум шоистаи журналист ва пажӯҳишгари собиқадор Раҷабалӣ Қудратзода гардид. Муҳаққиқи донишманд Субҳони Аъзамзод аз шаҳри Хуҷанд ва хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” Ҷумъахон Темурзода сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. Ду нафар иштирокдорони озмун аз хориҷи кишвар Амина Шарофиддинова аз Самарқанд ва Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар аз Афғонистон сазовори ҷойҳои сеюм дониста шуданд. Ҷоизаҳои махсуси муассисон ба чаҳор нафар — Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллло, шоира Шаҳрияи Ахтамзод, доктори илм Ҳабибулло Раҷабов супорида шуданд.Ҳамчунин 12 нафар аз иштирокдорони озмун низ бо ифтихорнома ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ба ин гурӯҳ рӯзноманигорон ва адибони варзидаи кишвар низ дохиланд.
Ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло яке аз ширкаткунандагони фаъоли озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” буда, пеш аз ин дар ду озмуни ин рӯзномаи бонуфуз сазовори ҷойи аввал ва дар озмунҳои дигар соҳиби ҷоизаҳои махсус гардидааст.
Нахуст истиқболи ҳайати меҳмонон – иштирокдорони озмун, ки аз 60 нафар иборат буданд, дар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав бо суханрониҳои раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва раиси Иттифоқи нависандагои Тоҷикистон Низом Қосим баргузор гардида, бо базми шеъру суруд аз ашъори устод Мирзо Турсунзода идома ёфт.
Бегоҳии ҳамон рӯз, пас аз боздиди меҳмонон аз Қалъаи таърихии Ҳисори Шодмон, дар мавзеи биҳиштосои сабзу хуррами “Шаршара” базми шеъру суруд таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, адибони шинохтаи Тоҷикистон ва Афғонистону Ӯзбекистон дар сатҳи самимиву хотирмон барпо шуд.
Ҷамъбасти озмун субҳи рӯзи 19 июн дар “Кохи Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки ҳаводорони ашъори ноби устод Мирзо Турсунзода ва анқариби 100 нафар иштирокчии озмун баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар озмуни номбурда ба унвони идораи нашрия 200 мавод ворид гардида, сад мавод ба нашр расидааст ва хеле ҷолиб аст, ки дар ин озмун 20 нафар муаллиф аз кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Афғонистону Покистон ва Россияву Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷиддитарин масъалаҳои рӯзу рӯзгори муосири моро фаро гирифта, ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, озмуни мазкур нӯҳумин озмуни ин нашрияи бонуфуз мебошад. Аз ин пеш озмунҳо бахшида ба гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ; гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистоналлома Бобоҷон Ғафуров; гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва ваҳдати миллӣ; озмуни “Тоҷикистон хонаи умеди мо” бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон; Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; озмун бахшида ба шеъри кӯдакона; гиромидошти шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода дар ноҳияҳои Рашту Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, бо фарогирии шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Данғараву Восеъ бо ҳамкории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Ҷолиб он аст, ҳар яке аз озмунҳои “Ҷумҳурият” ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ намудаву натиҷаҳои манфиатбахш ба бор овардаанд. Аз ҷумла, дар тамоми мавзӯъҳои тавассути ин озмунҳо бардошташуда масалан, мавзӯъҳои устод Айнӣ ва масоили забон, аллома Бобоҷон Ғаҷуров, рушди сайёҳиву ваҳдати миллӣ ва ғайра пажӯҳишои тозаву нави илмиву адабӣ ба даст оварда шудаву дар шакли китобҳои алоҳида интишор ёфтанд ва саҳми боризи худро дар рушди инсоҳаҳо гузоштанд.
Ҳоло боз ду озмуни эълоншудаи нашрияи расмии Тоҷикистон, яке дар гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳи Шоҳтемур, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигаре дар мавзӯъи “Бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ҷараён дорад ва низ умедворем, самараҳои нек ба бор хоҳанд овард.
АКСҲО: «Ҷумҳурият»













«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






