САЙЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ БОЯД КАРД. Ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Айнӣ-Панҷакент

Июнь 21, 2021 15:51

ДУШАНБЕ,21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии  дохилӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин гуфтаҳо  ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳӣ дар масири Душанбе-Айнӣ –Панҷакент мебошад, ки он бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати логистики «Asian Express» дар доираи солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил гардид.

Хатсайри нави сайёҳӣ ба водии Зарафшон, ки дорои табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои бои сайёҳӣ мебошад, натанҳо ба  рушди туризми дохилӣ, балки ба муаррифии зарфиятҳои сайёҳии ин минтақаи кӯҳистони кишвар нақши муассир мегузорад. Ин матлабро  дар суҳбат бо сайёҳони хатсайри нави сайёҳӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода қабл аз сафар баён намуд.

Зикр гардид, ки тадбири мазкур дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии зарфиятҳои хоси сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ андешида шудааст. Дар хатсайри  нави сайёҳӣ имкониятҳои қабулу хизматрасонии сайёҳӣ дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент муаррифӣ гардида, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, инчунин воситаҳои ахбори омма ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри бостонии Панҷакентро тамошо намуданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки дар хатсайри мазкур шомил буд,  гузориш медиҳад.

Ноҳияи Айнӣ: Боздид аз  маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал

Дар даромадгоҳи ноҳияи зебоманзари Айнӣ сайёҳони хатсайри Душанбе-Айнӣ-Панҷакентро Раиси  ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода  истиқбол  намуда, хайрамақдам гуфт. Мавсуф доир ба имкониятҳои  сайёҳии ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла,  Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрали (1865-1919)   маълумот дод. Маҷмааи  мазкур  дар деҳаи зебоманзараи Зосун, ки зодгоҳи шоир аст,  бунёд ва навсозӣ гардидааст.Моҳи октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ноҳияи Айнӣ дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал  М  аҷмааи таърихӣ-фарҳангии шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрал, ки  ба ифтихори 150-солагии шоир бунёд шудааст, ифтитоҳ намуда буданд. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст.Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон  Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.

Хона-музейи Нақибхони Туғрал дар Зосун

Дар рӯ ба рӯи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал манзили истиқоматии шоир қарор дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати   мамлакат ҳамчун хона — музейи шоир пурра навсозӣ шудааст.Дар ин ҷо китобҳо ва напвиштаҷотҳо аз осори шоир, сару либос ва ашёи рӯзгори ӯ, хусусан ду офтобаи мисин, лаълӣ, кӯзаи мисин ва соат, ки Нақибхони Туғрал  дар давоми 56 соли умраш аз онҳо истифода намудааст, ҳифз шудаанд ва осорхонаи зинда барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад. Дар хона -музейи шоир бо набераи калонии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ -Муаттархон  Икромова, ки моро истиқбол намуд,   ҳамсуҳбат шудем. Номбурда   аз бобояш –Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ бо некӣ ва ифтихор ёдовар шуданд ва барои осоиштагию оромӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дасти дуо кушоданд.

Инчунин директори Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал Хоҷааҳмадхон Алихонов, ки аз авлодҳои шоир мебошанд, доир ба ҳаёт ва осори шоир маълумот доданд. Зикр шуд, Нақибхони Туғрал аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буда, яке аз шоирони боистеъдод ва рангинхаёли охири асри XIX ва ибтидои асри хх ба шумор меравад. Нақибхон соли 1865 дар деҳаи Зосуни тумони Фалғар (ноҳияи имрӯзаи Айнӣ)  дар хонаводаи шахси давлатманду бомаърифат ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасии шоир дар зодгоҳаш гузашта, хату саводи ибтидоиро аз муаллимони маҳаллӣ омӯхтааст. Нақибхони Туғрал баъд дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд як муддат дар шаҳри Бухоро дониши худро такмил медиҳад ва аз илмҳои ҳисобу ҳандаса, тиб, фиқҳ, таърих, сарфу наҳви забони арабӣ бархӯрдор мегардад. Дар ҳамин муддат ба омӯхтани забони русӣ машғул мешавад.Туғрал ба суханшиносон ва шахсони бомаърифату ҳунарманди замонаш -Шамсиддин Шоҳин (1859-1894) ва Гулшании Бухороӣ дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштааст ва Шоҳинро ҳамчун устод мепарастидааст.

Нақибхони Туғрал донандаи хуби забони русӣ буд

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ чун меросбари асил бо идомаи беҳтарин суннатҳои назми оламгир бо осори пурғановаташ дар рушди адабиёти тоҷик нақши муассир гузоштааст. Шоир, ки худ донандаи хуби забони русӣ буданд ва бештар ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар мекарданд, миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташкили шӯравӣ суханрониҳо карда, онҳоро ба омӯхтани илму дониш ҳидоят менамуданд. Шоир солҳои 1918-1919 аскарони сурхро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунад. Яке аз муҳорибаҳои аскарони сурх барои ишғоли деҳаи Вешаб бебарор анҷом меёбад ва Туғрал ба тӯҳмат гирифтор шуда, 28-уми июни соли 1919 (рӯзи ҷумъа, шаби 28 –уми моҳи шарифи Рамазон) дар мавзеи Боғи Шамол, канори дарёи Зарафшон, дар деҳаи Сангистони ноҳияи Фалғар ба қатл расонида мешавад. Аз Нақибхони Туғрал осори зиёди гуногунжанру гуногунмавзӯъ ба мерос мондааст. Девони Туғрали Аҳрорӣ соли 1916 дар матбааи Когони Бухоро нашр гардидааст. Он 303 ғазал, 9 мухаммас, 3 мусаддас, 8 қасида, як мустазод, як тарҷеъбанд ва чанд маснавиро (чун «Соқинома» ва «Наврӯзнома») дар ҳаҷми 7385 мисраъ фароҳам овардааст.

Манораи Варз

Ноҳияи кӯҳистони Айнӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, бозёфту  нигораҳои қадимаи худ таваҷҷуҳи садҳо сайёҳони хориҷию дохилиро тасхир намудааст.Хусусан манзараҳои нотакрори Искандаркӯл, водии Яғноб, дараи Аловаддин,   ки ҳар як сайёҳи хориҷӣ орзуи дидани онҳоро доранд. Яке аз чунин ёдгориҳои таърихӣ Манораи Варз мебошад, ки он асосан аз  санг ва хишти хом, таҳкурсии сангини он чор ба чор бо баландии 1,7 метр сохта шуда, қисмати болоии он 13  метр  аз хишти хом бунёд гардида, дохилаш зинапоя дорад, ки имкони то болои манора баромаданро медиҳад. Манораи Варз дар асри X-XI дар қаламрави Зарафшон аввалин манора  буда, баъдан дар ҳамин радиф манораҳои деҳаи Фатмева ва Рарз  сохта мешаванд. Қимати болоии манора хароб шудааст, аз ин рӯ солҳои  2007-2008 атрофи ёдгорӣ  бо конструксияи металлӣ  шишабандӣ намудаанд.

Боздид аз Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ

Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ  дар заминаи собиқ бинои синамо, ки соли 1980 бунёд шуда, дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, таъсис ёфтааст.   Корҳои таъмиру тармим ва барқарорсозӣ соли 2014 аз ҷониби идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз гардида, соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар ҷойи хеле намоёни маркази ноҳия қомат афрохтааст, аз толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои ёрирасон барои кормандони соҳаи фарҳанг, толори махсус дар ошёнаи дуюм ҳамчун осорхона, синфхонаи компютерӣ, омӯзиши рақсу сурудхонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, утоқҳои корӣ барои шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат мебошад.Бинои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии бино аз 6 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Иншооти мазкур ба симои ноҳияи Айнӣ ҳусни тозае зам кардааст. Дар майдони даромади Қасри фарҳанг ду фаввора ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон бо дарахтон ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ, низоми  равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.

Осорхонаи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Айнӣ

Дар катибаҳои рӯисангӣ ва навиштаҷот тамаддун ва фарҳанги пурғановати ниёгони водии Зарафшон таҷассум гардидааст. Омӯхтани матнҳои рӯисангӣ  бозгӯи онанд, ки мардуми кӯҳистон аз осори шоирони классики  форс-тоҷик  хуб огоҳ будаанд ва табиатан  шеърдӯсту шеърфаҳманд. Инчунин катибаҳо гувоҳи он аст, ки мардуми кӯҳистон  дорои ҳунари волои  хаттотӣ  низ будаанд ва ҳатто хаттотон  мактаби хоси худро доштаанд.

Сайёҳони хатсайри сайёҳии Душанбе-Айнӣ-Панҷакент дар Осорхонаи таърихӣ- фарҳангии ноҳияи Айнӣ бозёфту нигораҳои  давраҳои гуногуни таърихии ҳудуди ноҳия, ки  гирд оварда шудааст, тамошо намуданд. Бозёфту нигораҳо бозгӯи он аст, ки  мардуми н оҳияи Айнӣ аз қадиммулайём соҳибфарҳангу соҳибҳунар, хусусан кулолгару, оҳангар ва чевару ҳунарманди чирадаст  будаанд. Дар Осорхона гӯшаи  «Дастони моҳир» мавҷуд аст, ки  бо сӯзаниҳои р аногранг,  кӯрпачаю болиштҳои қуроқ ва гӯлдӯзию  сӯзанӣ оро дода шудааст. Хусусан  дастархонҳо ва гаҳворапӯшҳо, ки дар  омода намудани онҳо қуроқи «турнақатор» истифода гардидааст, инчунин ҷомаю миёнбанд, ҷелаку чагман ва гилемҳои рағзабофишуда хеле диққатҷалкунанда буда, аз ҳунари волои бонувони чирадасти водии Зарафшон башорат медиҳанд.

                            Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,

                                            Душанбе-Айнӣ-Панҷакент

Июнь 21, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024. Доир ба он ҷаласаи корӣ баргузор гардид
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад
Дар Душанбе масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе муайян ва қадрдонӣ шуданд
Имрӯз ба ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе ҷоиза супорида мешавад
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Имрӯз дар Душанбе барои рӯзноманигорон саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзари пойтахт такшил карда мешавад
Дар шаҳри Теҳрон иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал таҳким меёбад
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар пойтахти Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мешавад
Беш аз 44 ҳазор сайёҳ бо мавзеъҳои зебои ноҳияи Муъминобод шинос гардид