Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд

Июль 14, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори онҳо баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи Созмон барору комёбӣ орзу карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Тоҷикистон раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.

«Тоҷикистон раисиро дар Созмони ҳамкории Шанхай мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад», — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд. Дар ин муддат Созмон тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро — аз сиёсат то амният, иқтисодиёт ва ҳамкории гуманитарӣ фаро гирифт.

Самти муҳимтарини фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай таъмини амният мебошад ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро муҳокима карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ дар минтақа ва дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо дарназардошти шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, бо истифодаи ҳамаи сатҳҳои бисёрҷониба ҷиҳати баррасии мушкилоти ин кишвари ҳамсоя тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодааст.

Барои расидан ба ҳадафҳо ва таъмини рушди Созмон пешниҳод гардид, ки кишварҳои аъзо ва мақомоти доимии Созмони ҳамкории Шанхай бояд баҳри татбиқи амалии барномаҳои қабулшуда, аз қабили «Стратегияи рушд то соли 2025» ҳамкориро пайваста идома диҳанд.

Дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.

Баромадкунандагон ба сатҳи баланди ташкили корҳои ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои арзанда дода, ба ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе комёбиҳо орзу карданд.
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 14.07.2021

Июль 14, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд