21 июл Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, БДА «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва оберӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 20, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва оберии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 08:00 дар Агентии мазкур доир мегардад.

БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.

Нишасти  матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 10:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Лоҳутӣ, 24 собиқ бинои БДА «Амонатбонк») доир мегардад.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ соати 14:00 дар Кумитаи мазкур мегузарад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 20, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон