БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОН! СУТ аз таҳдиди гунаи ҳиндии «делта» дар кишварҳои бар коронавирус пирӯзшуда ҳушдор медиҳад

Июль 1, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 01.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар бораи коҳиши гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷаҳон изҳор доштанд. Вале, дар кишварҳое, ки бар COVID-19 пирӯз шудаанд, таҳдиди густариши гунаи ҳиндии вирус «делта» боқӣ хоҳад монд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости».

СУТ ҳушдор медиҳад, ки гунаи «делта» тахрибкортар маҳсуб меёбад. Зикр мешавад, ки тайи ҳафтаи охир дар Британияи Кабир зиёда аз 35 ҳазор нафар ба он сироят ёфтаанд. Қаблан дар ин кишвар гунаи бритониёии «алфа» густариш меёфт. Суръати сироятёбӣ бо он дар муқоиса бо гунаи ҳиндӣ 60 фоиз камтар буд.

Дар айни замон, дар Ғарб эмгузаронии аҳолӣ бо ваксинаҳои зидди коронавирус фаъолона идома дорад. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба камбуди ваксинаҳо мувоҷеҳ шудаанд. Вазъияти бадтарин дар Африқо мушоҳида мешавад, ки дар он ҷо беморӣ дар як ҳафта 40 фоиз зиёд шудааст. Директори генералии СУТ Тедрос Гебрейесус вазъи вобаста ба COVID-19-ро дар минтақаи Африқо бо паҳншавии ВИЧ ва СПИД муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, сокинони Африқо ба усулҳои муосири табобат дастрасӣ надоранд.

24 июн роҳбари Маркази аврупоӣ оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо Андреа Аммон (Andrea Ammon) густариши босуръати гунаи ҳиндии коронавирусро дар тамоми кишварҳои Аврупо пешгӯӣ мекунад.  Табиб зикр  кард, ки то моҳи августи соли 2021, 90 фоизи ҳолатҳои сироятёбӣ бо COVID-19 дар Аврупо ба гунаи «делта» -и вирус мансуб хоҳанд буд.

Омори сироятёбӣ ва фавт ба асари коронавирус дар ҷаҳон дар тӯли як ҳафта натиҷаи  нагаронкунанда  нишон медиҳад. Дар ин давра, зиёда аз 2,5 миллион нафар сироят ёфтанд, қариб 60 ҳазор нафар фавтиданд. Дар вуҷуди аксари беморон гунаи «дельта» ошкор шудааст. Вируси тағйири навъкарда аллакай дар 96 кишвар сабт шудааст.

«Гунаи делта»-и коронавирус қобилияти бештари сирояткунандагӣ дорад ва  нисбат ба гунаҳои ошкоршуда 60% бештар гузарандатар аст. Давраи инкубатсионии он кӯтоҳтар аст ва то ҳафт рӯз идома меёбад. Ба ҳисоби миёна, як нафари гирифтори «гунаи делта» -и коронавирус метавонад 5-6 нафарро сироят кунанд, дар ҳоле ки аз гунаҳои дигар, ки дар гардиш мебошанд 3-4 нафар сироят меёбанд. Тибқи таҳқиқоти охир, ба гирифторони гунаи «ҳиндӣ» -и коронавирус эҳтимоли бистарӣ шудан ва фавтидан бештар таҳдид мекунад. Касоне, ки ба гунаи «ҳиндӣ» сироят ёфтаанд, дарди шадиди буғумҳо ва шикам, дилбеҳузурӣ ва қайкуниро эҳсос мекунанд. Беморӣ метавонад боиси каршавӣ ва лахташави хун дар рагҳои дастҳо ва пойҳо гардад.

Қобили зикр аст, дар Россия, ки он ҷо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд, гунаи «делта-плюс»-и коронавируси SARS-CoV2 ошкор шудааст, ки сирояткунандатар ва хатарноктар ҳисобида мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ҳафтаи гузашта роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова хабар додааст. Гунаи «делта» инчунин дар кишварҳои минтақаи мо — Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ошкор шудааст ва идораҳои дахлдори ин кишварҳо ин рӯйдодро тасдиқ кардаанд.

Бинобар ин, гунаи «делта» барои Тоҷикистон таҳдиди нав аст. Дар ин бора дирӯз, 30 июн, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемиологӣ таҳти роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода дастур доданд, ки  тадбирҳои маҳдудкунандаи қаблан қабулшуда шадидтар карда шаванд. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки масъалаи эмгузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, таъминоти доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, дезинфексияи муассисаҳои таълимии тамоми сатҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2021 то ба наздикӣ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбии одамон ба коронавирус ошкор нашуда буд. 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар бораи ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар хабар дод. Ситоди ҷумҳуриявӣ сабаби асосии хуруҷи навбатии бемориро ба хунукназарӣ, риоя накардани муҳлатҳои муайяни муҳофизати худӣ аз ҷониби шаҳрвандони аз хориҷа баргашта, тавсияҳои дигар, инчунин истифода нашудани ниқобҳо марбут донист.

Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар 21 ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавируси Covid-19 сабт шудааст.

АКС: Kai Pfaffenbach / Reuters

Июль 1, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»