Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «ХОВАР»/. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардида, ба 349 нафар ҷарима татбиқ карда шуд. Маблағи умумии ҷарима 743 ҳазору 598 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони васоти ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Раиси Суди Олӣ, шумораи баррасии парвандаҳо ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 9 ҳазору 138 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбат ба 3576 нафар ҷазои огоҳӣ ва 4458 нафар ҷарима ба маблағи умумии 743 ҳазору 598 сомонӣ таъйин карда шуд.
«Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби васоити ахбори омма амалӣ мегардад.
-Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти судӣ дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судҳо 10 521 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карданд»,- афзуд Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, бо мақсади аз байн бурдани камбудӣ ва норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта, инчунин беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли равон амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
-Тибқи чорабиниҳои зикршуда раисони судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифадор шудаанд, ки аз болои фаъолияти судҳо оиди дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳо, саривақт таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ ва рафти иҷроиши онҳо назоратро тақвият бахшанд,- илова кард номбурда.