БАТР баландтарин сатҳи рушди иқтисодро дар Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад

Июль 1, 2021 12:39

ДУШАНБЕ, 01.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) афзоиши тадриҷии иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказиро дар соли равон ва солҳои оянда пешбинӣ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора маълумоти гузориши БАТР — дурнамоҳои иқтисодии минтақавӣ шаҳодат медиҳад.

«Афзоиши баландтарин дар Осиёи Марказӣ соли равон дар Тоҷикистон — 6,5% ва Қирғизистон — 6,6% пешбинӣ шудааст. Пас аз инҳо Муғулистон (6,3%), Ӯзбекистон (5,6%), Туркманистон (4,6%) ва Қазоқистон (3,6) меоянд”, — гуфта шудааст дар гузориш.

Дар арзёбиҳои нави пажӯҳишгоҳи байналмилалӣ  зикр карда шудааст, ки дар соли 2020 иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 0,8% коҳиш ёфтааст ва ин нишондиҳандаи пасттарин дар байни ҳамаи минтақаҳо мебошад.

БАТР дар беш аз 30 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Баҳри Миёназаминии Ҷанубӣ ва Шарқӣ фаъолият мекунад.

Рушди баландтарин дар Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҷамъбасти соли 2021 пешбинӣ шудааст — мутаносибан 6,6% ва 6,5%. Таҳлилгарони БАТР пеш аз ҳама ин ҳисобҳоро бо барқароршавии ҳаҷми интиқоли маблағҳо ва мутаносибан, афзоиши истеъмол дар ин ду кишвар асоснок мекунанд.

Аммо, бинобар «хавфҳои сиёсӣ ва мушкилоти марбут ба фазои сармоягузорӣ дар натиҷаи аз тарафи ҳукуматдорон муваққатии тасарруф шудани Қумтор (кони тиллои калонтарин дар Қирғизистон, — эзоҳи муҳаррир) ва афзоиши санҷишҳо ва фишор аз ҷониби мақомоти  танзимкунанда ба соҳибкории миёна» дар соли 2022 интизор меравад, ки рушди иқтисодӣ дар ин кишвар то 4,6% коҳиш ёбад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ба андозаи 6% пешбинӣ шудааст.

Рушди иқтисодӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2021 5,6% ва дар соли 2022 — 6% пешбинӣ шудааст, «зеро интизор меравад, ки истеъмоли хусусӣ ва сармоягузорӣ барқарор мешавад».

Иқтисоди Туркманистон «бинобар надоштани маълумот» бар асоси пешгӯиҳои Сандуқи байналмилалии пул арзёбӣ мешавад: 4.6% ва 3.8%, мутаносибан дар солҳои 2021 ва 2022.

Иқтисоди бештар рушдёфтаи Осиёи Марказӣ — Қазоқистон дар соли 2021 дар сатҳи 3,6% ва дар соли 2022 — 3,8% пешбинӣ шудааст, ки «баландтар шудани нархи нафт, ҳавасмандии буҷавӣ ва барқароршавии истеъмоли хусусӣ ба он мусоидат хоҳад кард».

Дар ҳамин ҳол, «хавфҳои қобили мулоҳиза, аз ҷумла хавфҳои вобаста ба паҳншавии сирояти Covid-19 боқӣ мемонанд».

Дар Муғулистон, ки тибқи методологияи БАТР ба минтақаи Осиёи Марказӣ мансуб дониста мешавад, рушди иқтисодӣ дар соли 2021 дар сатҳи 6,3% ва дар соли 2022 — 6% «ба туфайли талаботи Чин ба молҳои асосии содиротии Муғулистон», пешбинӣ шудааст.

                                                       АКС: © Sputnik / Стас Этвеш

Июль 1, 2021 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд